YouVersion Logo
Search Icon

1 ба Қӯринтиён 16

16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Пандҳои хотимавии ҳавворӣ.
1. Ҷамъ кардани пул барои калисои Ерусалим.
1Дар бобати ҷамъ кардани ионат барои муқаддасон шумо ончунон рафтор кунед, чунон ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:
2Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад.
3Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шуморо ба Ерусалим бибаранд.
4Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста шавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳанд рафт.
2. Нақшаҳои сафар. Насиҳатҳо.
5Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.
6Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.
7Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.
8Аммо то иди пантикост ман дар Эфсӯс хоҳам монд,
9Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.
10Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;
11Бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ беэътиноӣ накунад, балки ӯро ба саломатӣ гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ӯро бо бародарон мунтазирам.
12Дар хусуси бародари мо Апӯллӯс бошад, ман аз ӯ бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, хоҳад омад.
13Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;
14Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.
15Аз шумо, эй бародарон, илтимосе дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;
16Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кӯмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.
17Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқӯс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур карданд,
18Зеро ки рӯҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.
3. Саломҳо.
19Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.
20Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед.
21Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.
22Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното#16:22 Мороното — ба забони қадими арамӣ: «Худованд меояд»..
23Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,
24Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy