YouVersion Logo
Search Icon

2 ба Қӯринтиён 2

2
БОБИ ДУЮМ
Тавбакунандаро афв намудан лозим аст, то ки тасаллӣ ёбад.
1Ва ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз бо ғаму ғусса наоям.
2Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ҷуз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст?
3Маҳз ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бошанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост.
4Зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед.
5Ва агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, — то муболиға нашавад, — ҳамаи шуморо ғамгин кардааст.
6Барои чунин шахс басанда аст ин танбеҳе ки аз касони бисьёр дидааст,
7Ва акнун, баръакс, шумо ӯро афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад;
8Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро зоҳир намоед.
9Зеро маҳз барои ҳамин ҳам навишта будам, то дар амал бидонам, ки оё шумо дар ҳар бобат фармонбардор ҳастед.
10Ва касеро шумо афв намоед, ман низ ӯро афв хоҳам кард; зеро ки ман низ, агар касеро дар чизе афв карда бошам, ба хотири шумо ба ҳузури Масеҳ афв кардаам,
11То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем.
12Ва ҳангоме ки ман ба Трӯос омадам, то аз Масеҳ башорат диҳам, агарчи дарвоза барои ман дар Худованд воз шуда буд,
13Барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари худ Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайру маъзур намуда, ба Мақдуния равона шудам.
Худо ба имондорон қувват мебахшад, то ки дар Масеҳ манмана намоянд.
14Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад ва накҳати дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад.
15Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:
16Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?
17Зеро мо мисли бисьёр касон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy