YouVersion Logo
Search Icon

1 ба Таслӯникиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Ҳавворӣ барои ҳаёти намунавии имони таслӯникиён шукргузорӣ менамояд.
1Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
2Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,
3Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,
4Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед;
5Зеро ки башорати мо назди шумо на танҳо дар суҳан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем.
6Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед,
7Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.
8Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигӯем.
9Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо доҳил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед
10Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy