YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Қӯлассиён 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Дар бораи дуо, илтимос ва ҳикмати масеҳӣ.
1Эй оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Оғое дар осмон доред.
2Доимо бо дуо машғул буда, дар он бо шукргузорӣ бедор бошед;
3Дар ҳаққи мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,
4То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чунон ки баён карданам лозим аст.
5Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.
6Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.
7Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
8Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад,
9Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.
Саломҳо.
10Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқӯс, ҷияни Барнаббо, — ки шумо дар бораи ӯ фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазироӣ кунед, —
11Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.
12Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.
13Ва ман дар бораи ӯ шаҳодат медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Ҳирапӯлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.
14Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
15Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед.
16Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ ҳонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.
17Ба Архипус бигӯед: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ».
18Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар ҳотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy