YouVersion Logo
Search Icon

1 ба Таслӯникиён 2

2
БОБИ ДУЮМ
Ҳаввориёни Масеҳ ҷалолро барои худашон не, балки барои Худо толибанд.
1Худи шумо, эй бародарон, медонед, ки омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд;
2Мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем.
3Зеро ки исрори мо аз рӯи иштибоҳ ё нопокӣ ё макр нест,
4Балки, чӣ тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.
5Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем — Худо шоҳид аст! —
6Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон.
7Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо иҳтиёру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад.
8Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед.
9Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар ҳотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем.
10Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ, ки чӣ гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем;
11Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро,
12Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед.
13Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.
14Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дар Исои Масеҳ мебошанд, тақлид намудед, чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон уқубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд,
15Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд,
16Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигӯем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.
Пазмонии Павлус ба таслӯникиён.
17Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бубинем,
18Ва ба ин сабаб мо, — яъне ман, Павлус, — як‐ду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шайтон ба мо монеъ шуд.
19Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ — оё шумо нестед?
20Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy