Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 9

9
1Сипас, фариштаи панҷум карнайи худро навохт ва ситораеро дидам, ки аз осмон ба замин афтод. Ба он ситора калиди ғори бепоён дода шуд. 2Чун ситора ғори бепоёнро боз кард, аз он дуде баромад, ки гӯё дуди оташдони бузурге бошад. Аз дуди ғори бепоён офтобу ҳаво тира гардид 3ва дар замин малахҳо пайдо шуданд. Ба онҳо қуввате ба мисли қуввати каждумҳо дода шуд. 4Ба онҳо гуфта шуд, ки ба алафу сабзаву дарахтон зараре нарасонанд, балки танҳо ба одамоне, ки дар пешонии худ муҳри Худоро надоранд, зарар расонанд. 5Ба малахҳо иҷозат набуд, ки одамонро кушанд, балки танҳо муддати панҷ моҳ азоб диҳанд. Дарди он мисли газидани каждум буд. 6Дар он рӯзҳо одамон марг меҷӯянд, аммо намеёбанд. Мурдан мехоҳанд, лекин марг аз онҳо мегурезад.
7Малахҳо мисли аспони ҳарбӣ буданд, ки ба ҷанг омода шудаанд. Бар сарашон чизе ба монанди тоҷи тилло доштанд ва рӯяшон мисли рӯйи одам буд. 8Мӯяшон ба мӯйи занон ва дандонҳояшон ба дандонҳои шерон монанд буд. 9Дар танашон ҷавшани мисли оҳан мустаҳкам доштанд. Садои болҳояшон мисли садои аспаробаҳои бешумор буд, ки ба ҷанг мешитофтанд. 10Онҳо мисли каждум думу неш доштанд. Дар думашон қуввате буд, ки дар давоми панҷ моҳ одамонро азоб диҳанд. 11Фариштаи ғори бепоён шоҳи онҳо буд, ки номаш ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн, яъне нобудкунанда аст.
12Балои якум гузашт. Аз паси он ду балои дигар меояд.
13Сипас, фариштаи шашум карнаяшро навохт ва аз ҷониби чор кунҷи қурбонгоҳи тиллоӣ, ки дар ҳузури Худост, овозе ба гӯшам расид. 14Овоз ба фариштаи карнайнавози шашум гуфт: «Чор фариштаро, ки назди дарёи бузурги Фурот баста шудаанд, озод намо». 15Инак, чор фариштаро озод кард. Онҳо барои ҳамин соату рӯзу моҳу сол нигоҳ дошта шуда буданд, то ки сеяки одамонро нобуд созанд. 16Ман шунидам, ки шумораи лашкари савораи он чор фаришта дусад миллион буд. 17Боз ба ман аён шуд, ки саворони аспон ҷавшанҳои ранги аловгун, кабуд ва зард дар бар доштанд. Каллаи аспон мисли сари шер буд ва аз даҳонашон оташ, дуд ва сулфур мебаромад. 18Сеяки одамон бо ин се бало, яъне бо оташу дуду сулфур, ки аз даҳони онҳо мебаромад, кушта шуданд. 19Қуввати аспон ҳам дар даҳону ҳам дар думашон буд. Зеро думи аспон монанди мор буда, сар доштанд ва бо он зарар мерасонданд.
20Боқимондаи одамон, ки бо ин балоҳо кушта нашуда буданд, аз бутсозӣ даст накашиданд. Онҳо мисли пешина ҷин ва бутҳои тилло, нуқрагин, биринҷӣ, сангин ва чӯбинро парастиш мекарданд – бутҳоеро, ки на дида, на шунида ва на роҳ гашта метавонанд. 21Илова бар ин онҳо аз куштор, ҷодугарӣ, гуноҳи ҷинсӣ ва дуздӣ тавба накардаанд.

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 9: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in