Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 8

8
Мӯҳри ҳафтум
1Чун Барра муҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ба миён омад. 2Сипас, ман ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо меистоданд. Ба онҳо ҳафт карнай дода шуд. 3Фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод. Ӯ дар даст кафлези тиллоӣ дошт. Ба ӯ барои сӯзондан хушбӯйии зиёд дода шуда буд, то ки онҳоро бо дуоҳои имондорони муқаддас бар қурбонгоҳи тиллоӣ, ки назди тахт буд, гузорад. 4Инак аз дасти ин фаришта дуди хушбӯйиҳо бо дуоҳои имондорони муқаддас ба назди Худо боло шуданд. 5Фаришта кафлезро аз оташи қурбонгоҳ пур карда, онро ба замин партофт. Аз ин дар замин раъду барқу садоҳои баланд ба амал омаданд ва заминҷунбӣ рӯй дод.
Карнайҳо
6Баъд он ҳафт фаришта, ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан омода шуданд.
7Инак, бо навохтани фариштаи якум ба замин жолаву оташи хунолуд борид ва сеяки замину дарахтон ва ҳамаи алафҳои сабз сӯхтанд.
8Бо навохтани фариштаи дуюм ба баҳр чизе ба мисли кӯҳи бузурги оташин афтод. Аз ин сеяки оби баҳр ба хун табдил ёфту 9сеяки мавҷудоти зиндаи баҳр мурданд ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.
10Бо навохтани фариштаи сеюм аз осмон ба сеяки дарё ва чашмаҳои об ситораи бузурги сӯхтаистодае афтод, ки он мисли чароғи оташ буд. 11Номи ин ситора Талх аст. Бино бар ин, сеяки обҳо талх шуданд ва аз ин сабаб одамони зиёд мурданд.
12Сипас, бо навохтани фариштаи чорум сеяки офтоб, моҳ ва ситорагон осеб диданд. Онҳо торик шуданд ва дар сеяки рӯзу шаб равшанӣ набуд.
13Сипас, дидаму шунидам, ки уқобе дар осмон парвоз карда бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли одамон, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, чунки карнайҳои се фариштаи боқимонда садо хоҳанд дод».

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 8: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in