Ошкорсозӣ* 10
10
Фаришта бо китоби хурд
1Сипас, дидам, ки боз як фариштаи тавоное аз осмон фуруд меомад. Абре ӯро фаро гирифта буд ва дар болои сараш рангинкамоне медурахшид. Рӯяш мисли офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин буданд. 2Дар дасташ китоби хурди кушодае буд. Ӯ пойи росташро бар баҳр ва пойи чапашро бар замин гузошта 3бо овози баланд, чунон ки шер наъра мезанад, фарёд кард. Сипас, ҳафт раъд садо доданд ва 4ман барои навиштан омода шудам. Аммо аз осмон овозе шунидам, ки мегуфт: «Сухани ҳафт раъдро махфӣ нигоҳ дор ва онро нанавис».
5Фариштае, ки бар баҳру замин меистод, дасти росташро ба осмон бардошта 6ба Худое, ки то абад зинда аст – ба Офаридгори осмону замину баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, қасам хӯрда гуфт: «Худо дигар интизор намешавад! 7Аммо дар рӯзҳое, ки фариштаи ҳафтум карнайи худро менавозад, нақшаи ниҳонии Худо, чунон ки ба бандагони Худ – пайғамбарон ошкор намудааст, амалӣ хоҳад шуд».
8Сипас, ҳамон овозе, ки аз осмон шунида будам, боз ба ман гуфт: «Рафта, аз дасти фаришта, ки бар баҳру замин меистад, китоби кушодаро бигир». 9Ман ба он фаришта наздик шуда, хоҳиш кардам, ки китоби хурдро ба ман диҳад. Фаришта ба ман гуфт: «Инро бихӯр! Дар даҳонат мисли асал ширин, лекин дар шикамат талх мешавад». 10Ман аз дасти фаришта китобро гирифта, хӯрдам. Китоб дар даҳонам мисли асал ширин буд, аммо чун фурӯ бурдам, шикамам талх гардид. 11Сипас, ба ман чунин гуфта шуд: «Ту боз бояд дар бораи бисёр халқу миллату забонҳо ва шоҳон пайғамбарӣ кунӣ».
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 10: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад