Ошкорсозӣ* 7
7
Мӯҳр зада шудани 144 000 кас
1Баъди ин чизҳо чор фариштаро дидам, ки дар чор кунҷи замин истода, шамолҳои чор самти заминро бозмедоштанд, то ки онҳо ба замину баҳру дарахтон навазанд. 2Боз як фариштаи дигарро дидам, ки аз шарқ боло меомад ва дар дасташ муҳри Худои зиндаро дошт. Ӯ бо овози баланд ба чор фариштае, ки ба онҳо ҳуқуқи ба замину баҳр зарар расондан дода шуда буд, фарёд зада гуфт: 3«Ба замину баҳру дарахтон зараре нарасонед, то даме ки муҳри Худои моро ба пешонии бандагонаш гузорем».
4Сипас, шумораи муҳрзадашудагон ба гӯшам расид: Онҳо 144 000 кас аз ҳамаи қабилаҳои халқи Исроил буданд. 5Аз қабилаи Яҳудо 12 000 кас, аз қабилаи Реубен 12 000 кас, аз қабилаи Ҷод 12 000 кас, 6аз қабилаи Ошер 12 000 кас, аз қабилаи Нафтолӣ 12 000 кас, аз қабилаи Менашше 12 000 кас, 7аз қабилаи Шимъун 12 000 кас, аз қабилаи Левӣ 12 000 кас, аз қабилаи Иссокор 12 000 кас, 8аз қабилаи Забулун 12 000 кас, аз қабилаи Юсуф 12 000 кас ва аз қабилаи Бинёмин 12 000 кас муҳр зада шуда буданд.
Мардуми сафедпӯши бешумор
9Баъди ин чизҳо, нигоҳ карда, мардуми зиёдеро дидам, ки касе онҳоро шумурда наметавонист. Одамон аз ҳар миллату қавм ва халқу забон буданд. Онҳо ҷомаҳои сафед дар бар кардаву ҳамчун рамзи шодӣ навдаҳои ниҳолонро ба даст гирифта, дар пеши тахту Барра истодаанд. 10Онҳо бо овози баланд мегӯянд:
«Худои мо бар тахташ нишаста,
Наҷот аз Ӯсту аз они Барра!»
11Ҳамаи фариштагон, ки гирди тахт, пирон ва чор махлуқ меистоданд, пеши тахт рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда карданд. 12Онҳо чунин мегуфтанд:
«Омин!
Ба Худои мо бошад то абад,
Ситоишу бузургиву ҳикмат,
Ҳам сипосу иззату қудрат!
Омин!»
13Яке аз пирон аз ман пурсид: «Ин одамони ҷомасафед кистанд ва аз куҷо омадаанд?»
14«Хоҷаам, инро шумо медонед!» – ҷавоб додам ман. Сипас, ӯ гуфт: «Ин одамони вафодор аз азоби бузург гузашта меоянд. Онҳо ҷомаҳои худро дар хуни Барра, яъне Исо шуста, сафед кардаанд. 15Бино бар ин, онҳо дар пеши тахти Худо истода, шабу рӯз дар маъбади осмон ба Ӯ хизмат мекунанд ва Худо ба онҳо дар манзили Худ ҷой медиҳад. 16Ин одамон дигар ташнаву гурусна намемонанд ва офтобу гармо онҳоро ҳаргиз намесӯзонад. 17Зеро Баррае, ки дар миёнаҷойи тахт меистад, онҳоро чӯпонӣ намуда, ба назди чашмаҳои оби ҳаёт мебарад. Худи Худо ҳар оби дидаи онҳоро пок мекунад».
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 7: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад