Ошкорсозӣ* 15
15
Ҳафт фаришта бо ҳафт балои охирин
1Сипас, дар осмон аломати бузургу аҷоиби дигаре дидам: ҳафт фаришта бо ҳафт балои охирин. Ин ҳафт бало охирин буданд, чунки бо онон ғазаби Худо анҷом меёбад. 2Инак, чизеро мисли баҳри шишагин дидам, ки бо оташ омехта буд. Дар назди он баҳр касоне меистоданд, ки ба ҳайвони ваҳшию ҳайкалаш ва рақами номи вай муқобилат нишон дода, ғолиб омада буданд. Онҳо дар дастонашон асбоби мусиқии торие доштанд, ки Худо дода буд 3ва суруди хизматгузори Худо – Мусо ва Барраро мехонданд:
«Бузург ва аҷибанд корҳои Ту, эй Худованд, Худои Тавоно!
Роҳҳои Ту инсофу ростӣ ҳастанд, эй Шоҳи халқҳо!
4Кист, ки аз Ту, Худованд натарсад,
Ва номи Туро бузург надорад?!
Зеро танҳо Ту пок ҳастӣ!
Ҳамаи халқҳо ба парастиши Ту хоҳанд омад,
Зеро росткориҳои Ту ошкор шудаанд!»
5Сипас, дидам, ки дар осмон маъбад, яъне хаймаи аҳду паймон кушода аст. 6Аз маъбад ҳафт фаришта бо ҳафт бало баромаданд. Онҳо либоси тозаву дурахшони катонӣ пӯшида буданд ва дар қафаси синаашон камарбанди тилло баста буд. 7Яке аз он чор махлуқи зинда ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тилло дод. Косаҳо аз ғазаби Худо, ки то абад зинда аст, пур буданд. 8Маъбад аз дуд пур шуд. Ин нишонаи он буд, ки бузургиву қуввати Худо дар он ҷо ҳузур дошт. Ва то даме ки ҳафт балои ҳафт фаришта пурра ба амал наояд, касе ба он дохил шуда наметавонист.
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 15: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад