Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 16

16
Косаҳои ғазаби Худо
1Сипас, аз маъбад овози баланде баромад, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Рафта, ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед». 2Фариштаи якум рафта, косаи худро ба замин рехт. Аз ин дар бадани одамоне, ки нишонаи ҳайвони ваҳшӣ доштанду ҳайкали вайро парастиш мекарданд, яраҳои даҳшатноку дардноке пайдо шуд.
3Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт. Аз ин оби баҳр мисли хуни мурда шуд ва ҳама мавҷудоти зиндаи баҳр нобуд шуданд.
4Фариштаи сеюм косаи худро ба дарёву чашмаҳои об рехт ва онҳо низ ба хун табдил ёфтанд.
5Сипас, шунидам, ки фариштаи обҳо чунин мегӯяд:
«Эй Худованди Пок, ки ҳастӣ ва будӣ!
Ҳақ бар ҷониби Туст, ки чунин ҳукм намудӣ.
6Онҳо хуни имондорону пайғамбаронро рехтанд,
барои ҳамин Ту ба онҳо хун додӣ, то бинӯшанд.
Сазои бадкорон ҳамин аст».
7Аз қурбонгоҳ овозе баромад, ки мегуфт: «Бале, Худованд Худои Тавоно! Ҳамаи ҳукмҳоят ҳақ асту рост!»
8Сипас, фариштаи чорум косаи худро ба офтоб рехт. Ин ба офтоб иҷозат дод, ки одамонро бо оташи худ сӯзонад. 9Инак, одамон аз тафси баланд месӯхтанд ва номи Худоро, ки бар ин балоҳо қудрат дорад, ҳақорат мекарданд. Аммо тавба накарданд ва Ӯро бузург надоштанд.
10Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ бирехт ва тамоми подшоҳии вайро торикӣ фаро гирифт. Одамон аз дард забони худро мегазиданд. 11Онҳо барои дарду захмҳояшон Худои осмонро ҳақорат мекарданд, аммо аз кирдорашон тавба накарданд.
12Фариштаи шашум косаи худро ба дарёи бузург, ба дарёи Фурот рехт. Аз ин оби дарё хушк шуд, то ки барои лашкари шоҳони шарқ роҳ кушода шавад. 13Ҳамчунин дидам, ки аз даҳони аждаҳор, аз даҳони ҳайвон ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопоки қурбоққамонанд баромад. 14Ин рӯҳҳои ҷинҳо буданд, ки аломатҳо нишон медиҳанд. Онҳо ба назди подшоҳони замин мераванд, то ки онҳоро ба ҷанги рӯзи бузурги Худои Тавоно ҷамъ кунанд.
15«Ҳушёр бош! – мегӯяд Исо, – Ман монанди дузд ногаҳон меоям. Хушо касе, ки либосаш бар тан Маро интизор мешавад. Зеро лучу урён гашта, шарманда нахоҳад шуд».
16Сипас, рӯҳҳои палид подшоҳонро дар ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад.
17Оқибат фариштаи ҳафтум косаи худро ба ҳаво пошид. Ин лаҳза аз тахти маъбад овози баланде баромад, ки мегуфт: «Иҷро шуд!» 18Раъду барқ зад, овозҳо баромад ва заминҷунбии сахте ба амал омад. Заминҷунбӣ чунон сахт буд, ки аз замони офариниши одамизод дар рӯйи замин мислаш рӯй надода буд. 19Шаҳри бузурги Бобил ба се қисм ҷудо шуд ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ рехтанд. Худо гуноҳҳои Бобили бузургро ба ёд оварда, ба вай косаи майи пур аз хашму ғазаби Худро дод. 20Ҳама ҷазираҳо нобуд ва кӯҳҳо нопадид гардиданд. 21Аз осмон ба сари одамон чунон жолаи калон-калон меборид, ки вазни ҳар кадомаш тақрибан панҷоҳ кило буд. Азбаски балои жола бисёр даҳшатнок буд, одамон Худоро ҳақорат мекарданд.

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 16: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in