Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 14

14
Барра ва одамони Ӯ
1Сипас, нигоҳ карда, дидам, ки ҳамроҳи Барра, яъне Исо саду чилу чор ҳазор кас бар кӯҳи Сион меистанд. Дар пешонии онҳо номи Барра ва номи Падари Ӯ навишта шуда буд. 2Ин лаҳза аз осмон садое шунидам, ки мисли шувваси оби хеле калон ва садои баланди раъд буд. Дар баробари ин садо чунин ба гӯш мерасид, ки гӯё торнавозони зиёд менавохта бошанд. 3Он саду чилу чор ҳазор кас дар пеши тахт, чор махлуқи зинда ва пирон истода, суруди нав месароиданд. Суханони он сурудро ба ғайр аз он саду чилу чор ҳазор нафаре, ки аз замин харида шуда буданд, касе аз худ карда наметавонист. 4Инҳо шахсоне мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ бо зан ҳамбистар нашудаанд, балки худро пурра ба хизмати Худо супурда, Барраро ба ҳар ҷое, ки мерафт, пайравӣ менамуданд. Онҳо аз байни одамон харида шуда, ҳамчун ҳосили аввалин ба Худо ва Барра пешкаш шуда буданд. 5Дар забонашон дурӯғе ёфт нашуд, онҳо беайбанд.
Се фаришта
6Сипас, фариштаеро дидам, ки дар байни осмон парвоз мекард. Ӯ ба сокинони замин, яъне ба ҳар миллату қавму забону халқ Хушхабари абадиро эълон мекард: 7«Аз Худо битарсед, – фарёд мекард вай, – ва Ӯро бузург доред, чунки рӯзи ҷазо расид. Ӯро, ки осмону замин ва баҳру чашмаҳои обро офаридааст, парастиш кунед».
8Аз қафои вай фариштаи дуюм омада гуфт: «Шикаст хӯрд, шикаст хӯрд шаҳри бузурги Бобил! Ҳамоне, ки бо майи шаҳвати гуноҳи ҷинсиаш ҳама халқҳоро маст карда буд».
9Аз қафои фариштаи дуюм фариштаи сеюм омад ва бо овози баланд гуфт: «Касе, ки ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали вайро парастиш мекунаду ба дасту пешониаш нишона мезанад, 10аз майи ғазаби Худо хоҳад нӯшид. Ин майи пурзӯрест, ки ба косаи ғазаби Худо рехта шудааст. Вай дар пеши назари фариштагони муқаддас ва Барра дар оташу сулфур азоб хоҳад кашид. 11Дуди азоби онҳо то абад баланд мешавад. Ҳамин тавр онҳое, ки ҳайвон ва ҳайкали онро парастиш мекунанд ва нишонаи номи онро қабул кардаанд, на рӯз ором мешаванд, на шаб».
12Ин ҳама сабру тоқати имондорони муқаддасро талаб мекунад, яъне онҳоеро, ки фармонҳои Худоро иҷро мекунанду ба Исо вафодор мемонанд. 13Сипас, овозеро аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Чунин бинавис: пас аз ин онҳое, ки ба Худованд рӯй оварда, тарки ҷаҳон кардаанд, муборак ҳастанд».
«Бале, – мегӯяд Рӯҳи Худо, – онҳо аз меҳнати худ роҳат хоҳанд кард, чунки мукофоти корҳояшонро мегиранд».
Мавсими дарав дар замин
14Сипас, нигоҳ карда, абри сафедеро дидам. Бар абр Шахсе менишаст, ки ба Писари Одамизод монанд буд. Ӯ бар сар тоҷи тилло ва дар даст доси тез дошт. 15Ҳамин лаҳза аз маъбад фариштаи дигаре баромада, ба Шахсе, ки бар абр менишаст, гуфт: «Доси Худро гирифта, дарав намо! Ҳосили замин пухта, вақти дарав расидааст». 16Инак, Шахсе, ки бар абр менишаст, доси Худро ба замин партофт ва замин даравида шуд.
17Сипас, аз маъбади осмонӣ фариштаи дигаре баромад ва ӯ низ дар дасташ доси тез дошт.
18Баъди ӯ фариштаи дигаре аз қурбонгоҳ берун омад, ки ҳукмфармои оташ буд. Ӯ ба фариштаи досдор бо овози баланд гуфт: «Доси тези худро партофта, аз токзори замин хӯшаҳои ангурро бибур, чунки ангур пухтааст». 19Инак, он фаришта доси худро ба замин партофт ва ангурро ғундошта, ба ҳавзи ангурфишурӣ партофт, ки он ҳавзи бузурги ғазаби Худо аст. 20Хӯшаҳо дар он ҳавз, ки берун аз шаҳр воқеъ буд, пойкӯб карда шуданд. Аз ҳавз хун ҷорӣ шуд, ки қади асп баландӣ ва ҳазору шашсад стадия (тақрибан сесад километер) дарозӣ дошт.

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 14: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in