Ошкорсозӣ* 13
13
Ду ҳайвони ваҳшӣ
1Сипас, дидам, ки аз баҳр ҳайвони ваҳшие мебарояд. Вай ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар шохҳои вай даҳ тоҷи хурд буд ва дар сарҳояш номҳои ҳақоратомез навишта шуда буданд. 2Ҳайвон монанди паланг буд, аммо пойҳояш мисли пойҳои хирс ва даҳонаш мисли даҳони шер буд. Аждаҳор ба ин ҳайвон қувват, тахт ва қудрати бузурги худро дод. 3Чунин менамуд, ки як сари ҳайвон захми марговар дошт, лекин сиҳат шуд. Тамоми дунё ҳайвонро бо ҳайрат пайравӣ мекард. 4Мардум аждаҳорро парастиш мекарданд, чунки ба ҳайвон қудрат дода буд. Ҳамчунин ҳайвони ваҳширо парастишкунон гуфтанд: «Кист, ки ба ҳайвон ваҳшӣ монанд бошад?! Кист, ки бо вай ҷанг карда тавонад?!»
5Ба ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландонаву ҳақоратомез мегуфт. Ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ ҳукмронӣ намояд. 6Вай даҳони худро бар зидди Худо боз кард, то ки ному манзили Ӯ ва ҳамаи сокинони осмонро дашном диҳад. 7Ҳайвон ба ихтиёри худ гузошта шуда буд, ки бар зидди имондорони муқаддас ҷангида, ғолиб ояд. Ба вай қудрат дода шуда буд, ки бар тамоми қавму халқу забону миллатҳо ҳукмронӣ намояд. 8Инак, ҳамаи сокинони замин ҳайвонро парастиш хоҳанд кард. Зеро номҳои онҳо аз замони бунёдгузории дунё дар китоби ҳаёти Барра, ки кушта шуд, навишта нашудааст.
9Ҳар кӣ гӯш дорад, он чиро ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон мегӯяд, бишнавад!
10Ба кӣ асирӣ насиб карда бошад – равад ба асирӣ,
Ба кӣ дами шамшер насиб шуда бошад – афтад зи шамшер!
Ҳамаи ин аз имондорони муқаддас сабру тоқат ва имон талаб мекунад.
11Сипас, ҳайвони ваҳшии дигарро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай ба монанди барра ду шох дошт, лекин ҳамчун аждаҳор гап мезад. 12Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони якумро истифода бурда, аз номи ӯ амал мекард. Вай сокинони заминро маҷбур менамуд, ки ҳайвони якумро парастиш кунанд, яъне ҳамонеро, ки захми марговараш сиҳат шудааст. 13Ин ҳайвони дуюм аломатҳои бузург нишон медиҳад ва ҳатто дар пеши чашми одамон аз осмон ба замин оташ меборонад. 14Ӯ бо ин аломатҳо, ки барои нишон доданашон ҳайвони якум иҷозат дода буд, сокинони заминро гумроҳ мекард. Вай ба онҳо фармуд, ки ҳайкали ҳайвонро бисозанд – ҳамон ҳайвонро, ки аз шамшер захмин шуд, вале зинда монд. 15Ба ҳайвони дуюм қувват дода шуд, ки ҳайкали ҳайвонро зинда кунад. Ба тарзе ки ҳайкал сухан ва амал карда тавонад ва одамоне, ки вайро парастиш намекунанд, кушта шаванд. 16Ҳамчунин вай ҳама одамонро, яъне хурду калон, сарватманду камбағал, озоду ғуломро маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешонии худ нишона зананд, 17то касе ба ҷуз онҳое, ки нишона доранд, хариду фурӯш карда натавонад. Нишона ном ё рақами номи ҳайвон аст.
18Ин ҷо ҳикмат даркор аст. Одами бофаҳм бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад. Зеро ин рақами одамист ва он шашсаду шасту шаш аст.
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 13: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад