Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 12

12
Зан ва аждаҳор
1Дар осмон аломати бузурге намудор шуд. Инак зане офтобро ҳамчун либос дар бар карда буд. Моҳ зери пойҳояш меистод ва дар сар тоҷе дошт, ки он аз дувоздаҳ ситора иборат буд. 2Зан ҳомиладор буд. Ӯ таваллуд мекард ва аз дард фарёд мекашид.
3Сипас, дар осмон аломати дигаре намудор шуд: аждаҳори бузурги аловгуне, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар сарҳояш ҳафт тоҷи хурд буд. 4Думи аждаҳор сеяки ситораҳоро аз осмон рӯфта, ба замин мепартофт. Аждаҳор дар пеши зан меистод, то ки кӯдаки ӯро дар баробари таваллуд шуданаш фурӯ барад. 5Оқибат зан писаре таваллуд кард ва кӯдак дарҳол аз пеши аждаҳор ба сӯйи Худову тахти Ӯ бурда шуд. Зеро ин кӯдак ҳама халқҳоро бо асои оҳанин ҳукмронӣ хоҳад кард. 6Зан гурехта, ба ҷое рафт, ки Худо дар биёбон омода карда буд. Дар он ҷо ӯ ҳазору дусаду шаст рӯз нигаҳбонӣ карда шуд.
7Дар осмон ҷанг сар зад. Фариштаи бузург Микоил бо фариштагонаш бар зидди аждаҳор меҷангид ва аждаҳор бо фариштагони худ ҳамлаи ҷавобӣ мегардонд. 8Аммо зӯри аждаҳор нарасид ва ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ҷойи худро дар осмон аз даст дод. 9Ин аждаҳори бузургҷусса мори қадимаест, ки иблис ва шайтон ном дошта, тамоми ҷаҳонро гумроҳ мекунад. Ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ба замин афканда шуд.
10Дар осмон овози баланде шунидам, ки мегуфт:
«Инак, наҷот, қувват ва Подшоҳии Худои мову қудрати Таъйиншудаи Ӯ фаро расид.
Зеро айбдоркунандаи бародарону хоҳаронамон, ки онҳоро шабу рӯз дар пеши Худоямон сиёҳ мекард, ба зер афканда шуд.
11Онҳо бо хуни Барра, ки ҳамон Исо аст ва бо каломи шаҳодат дар бораи Ӯ бар шайтон ғолиб омаданд.
Зеро ҷони худро то дами марг дареғ надоштанд.
12Шодӣ кунед, эй осмонҳо ва сокинони он!
Аммо вой бар ҳоли баҳру замин,
чунки шайтон бар шумо фуруд омад.
Ӯ сахт хашмгин аст,
зеро медонад, ки вақташ кам мондааст».
13Аждаҳор чун фаҳмид, ки ба замин афканда шуд, занеро, ки писар таваллуд карда буд, пайгирӣ намуд. 14Аммо ба зан мисли болҳои уқоб ду боли бузург дода шуд, то ба ҷое парвоз кунад, ки ба ӯ дар биёбон омода шуда буд. Дар он ҷо, ки аз ҳузури мор дур аст, ӯ сеюним сол нигаҳбонӣ карда шуд. 15Аз ақиби зан мор аз даҳонаш обе ба мисли дарё сар дод, то ки занро ғарқ кунад. 16Аммо замин даҳонашро кушода, дарёи аз даҳони аждаҳор баромадаро фурӯ бурд ва ҳамин тавр ба зан ёрӣ дод. 17Аждаҳор аз зан дарғазаб шуда рафт, то ки бо фарзандони дигари зан биҷангад, яъне бо онҳое, ки фармонҳои Худоро ба ҷо меоранд ва дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд. 18Инак, аждаҳор омада, дар соҳили баҳр истод.

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 12: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in