Ошкорсозӣ* 11
11
Ду шоҳид
1Сипас, ба ман ченкунаки асомонанде дода, гуфтанд: «Бархеста, маъбади Худо ва қурбонгоҳро чен намо ва дар он одамонеро, ки парастиш мекунанд, ҳисоб кун. 2Аммо ҳавлии берунии маъбади Худоро чен накун, чунки он ба ғайрияҳудиён дода шудааст ва онҳо шаҳри Уршалими муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард. 3Ман ду шоҳидамро мефиристам, ки либоси мотам мепӯшанд. Онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз пайғамбарӣ мекунанд».
4Онҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне мебошанд, ки дар ҳузури Худованди замин меистанд. 5Агар касе онҳоро озор диҳад, оташе аз даҳонашон берун омада, душманонашонро месӯзонад. Ҳамин тавр ҳар касе, ки онҳоро озор медиҳад, нобуд карда мешавад. 6Онҳо қудрати бастани осмонро доранд, то ки дар он рӯзҳо, ҳангоми пайғамбарӣ карданашон борон наборад. Ҳамчунин онҳо қудрат доранд, ки обро ба хун табдил диҳанд ва ҳар вақте ки хоҳанд, дунёро бо ҳар гуна офат хароб созанд.
7Вақте шоҳидон кори худро тамом мекунанд, ҳайвони ваҳшие аз ғори бепоён баромада, бо шоҳидон меҷангад ва ғолиб омада, онҳоро мекушад. 8Ҷасадҳояшон дар кӯчаи шаҳри бузург, ки дар он Худованди шоҳидон, яъне Исо мехкӯб шуда буд, мехобанд. Ин шаҳр ба таври рамзӣ Садум ва Миср номида мешавад. 9Аҳли ҳар халқу қавму забону миллат сеюним рӯз ҷасадҳояшонро тамошо мекунанд ва намегузоранд, ки онҳоро гӯр кунанд. 10Сокинони замин аз мурдани онҳо хурсанд мешаванд ва базм ороста, ба ҳамдигар туҳфа мефиристанд, чунки ин ду пайғамбар онҳоро азоб медоданд. 11Аммо пас аз сеюним рӯз аз ҷониби Худо нафаси ҳаёт омада, ба шоҳидон медарояд ва онҳо ба по мехезанд. Ҳар кас, ки онҳоро медид, ба тарсу ҳарос меафтод. 12Сипас, он ду пайғамбар аз осмон овози баланде мешунаванд, ки ба онҳо мегӯяд: «Ба ин ҷо бароед!» Онҳо дар пеши назари душманони худ рӯйи абр ба осмон мебароянд. 13Ҳамон соат заминҷунбии сахте ба амал меояд, ки даҳ фоизи шаҳрро хароб мекунад. Ҳафт ҳазор одам нобуд мешавад ва боқимондагон ба тарсу ҳарос афтода, Худои осмонро бузург мехонанд.
14Инак, балои дуюм гузашт, лекин балои сеюм бошитоб меояд.
Карнайи ҳафтум
15Сипас, фариштаи ҳафтум карнайи худро навохт ва дар осмон овозҳои баланд шунида шуданд, ки мегуфтанд:
«Подшоҳии ин дунё ба Подшоҳии Худованду Таъйиншудаи Ӯ табдил ёфт.
Ӯ абадан ҳукмронӣ хоҳад кард».
16Бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ мешинанд, рӯ ба замин ниҳода ба Худо саҷда карданд 17ва гуфтанд:
«Худованд Худои Тавоно,
Ҳамоне, ки буд ва Ҳамоне, ки ҳаст!
Қувваи бузургатро намуда ошкор,
Кардӣ ба подшоҳӣ шурӯъ!
Аз ин Туро сипосгузорем!
18Халқҳо омаданд ба хашм,
Туро низ омад ғазаб!
Вақт расид!
Вақти ҳукми мурдагон.
Вақти хизматгорону пайғамбаронат,
Ҳам имондорони покат,
Ки номат доранд эҳтирому иззат,
Хурду калон ҳама гиранд ато!
Ҳам харобкунандагони замин,
Бигиранд зи Ту ҷазо».
19Сипас, маъбади Худо дар осмон кушода шуд ва дар он сандуқи аҳду паймони Ӯ намудор гардид. Дар атроф раъду барқ мезад, овозҳо шунида мешуд, замин меҷунбид ва жолаи сахт меборид.
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 11: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад