YouVersion Logo
Search Icon

Филиппиён* 4

4
1Бародарону хоҳарони азиз, шодии дил ва тоҷи сарам, дар имон ба Худованд устувор монед!
Насиҳатҳо
2Аз хоҳарон Авудия ва Синтихӣ илтимос мекунам, ки ба хотири Худованд бо якдигар сулҳ дошта бошанд. 3Бале, ҳамкори вафодорам, аз ту низ хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ диҳӣ. Онҳо дар баробари ман, Климентус ва ҳамкорони дигарам, ки номҳояшон дар китоби ҳаёт аст, барои паҳн кардани хушхабар заҳмати зиёд кашиданд.
4Ҳамеша дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед! Боз мегӯям, ки шод бошед! 5Бигзор нармдилии шумо ба ҳама одамон маълум бошад, чунки Худованд наздик аст! 6Ғами ҳеҷ чизро нахӯред, балки барои ҳама чиз ҳангоми дуо бо илтимосу миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо бигӯед. 7Он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилу андешаҳои шуморо дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ нигоҳ медорад.
8Хуллас, бародарону хоҳарон, дар бораи чизҳое фикр кунед, ки росту шоиста, поку дуруст, хушоянду лоиқи таъриф ва мувофиқи одобу сазовори ситоиш бошад. 9Корҳои аз ман омӯхтаву қабулкарда ва шунидаву дидаатонро давом диҳед ва Худои осоиштагӣ ҳамроҳи шумо хоҳад буд.
Миннатдорӣ барои ёрӣ
10Дар ягонагӣ бо Худованд беҳад хурсандам, ки оқибат ба ман ғамхорӣ мекардагӣ шудед. Албатта шумо пеш ҳам ба ман ғамхорӣ мекардед, лекин барои ёрӣ додан имконият надоштед. 11Инро на барои он мегӯям, ки муҳтоҷӣ мекашам, зеро ман дар ҳама гуна шароит қаноатмандона зиндагӣ карданро ёд гирифтаам. 12Камбағалиро ҳам дидааму серию пуриро ҳам. Ҳама гуна ҳолатро аз сарам гузарондаам. Ҳам ба сериву гуруснагӣ ва ҳам ба нодориву фаровонӣ тайёр ҳастам. 13Ба воситаи Масеҳ, ки ба ман қувват мебахшад, дар ҳама гуна вазъият тоқат мекунам.
14Бо вуҷуди ин хуб кардед, ки дар ин вақти мушкил ба ман дасти ёрӣ дароз намудед. 15Филиппиён, шумо худ медонед, ки вақте ки аз вилояти Мақдуния баромада, эълон кардани хушхабарро сар кардам, ғайр аз шумо ягон ҷамоати дигари имондорон ба ман кӯмакпулӣ надод. 16Ҳатто ҳангоми дар шаҳри Тасолуникӣ буданам шумо як-ду бор барои эҳтиёҷотам кӯмакпулӣ фиристода будед. 17Мақсади гапам аз шумо туҳфа рӯёндан нест, фақат мехоҳам, ки самараи корҳои некатон зиёд шавад. 18Туҳфае, ки ба дасти Эпафрудитус ба ман фиристодед, мисли дуди хушбӯй ва қурбонии хушу писандидаи Худо аст. Акнун ман пурра таъмин шудам ва ҳатто аз ҳад зиёд дорам. 19Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо низ аз сарвати азими Худ ба воситаи Исои Масеҳ қонеъ хоҳад гардонд. 20Ба Худо Падари мо, то абад бузургӣ бод. Омин.
Хайрухуш
21Ба ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон оварда, аз они Худо шудааст, салом расонед. Бародароне, ки бо ман ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд. 22Ҳамаи онҳое, ки аз они Худо ҳастанд, хусусан дарбориёни шоҳаншоҳ ба шумо салом мефиристанд. 23Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад!

Currently Selected:

Филиппиён* 4: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in