1
Эфсӯсиён* 6:12
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
KMO
Охир, мо на бар зидди инсон, ки соҳиби гӯшту хун аст, балки бар зидди соҳибони тахту тоҷ ва соҳибқудратону фармондеҳони ҳамин олами ҷинҳо ва бар зидди қувваҳои баде, ки дар осмон амал мекунанд, меҷангем.
Compare
Explore Эфсӯсиён* 6:12
2
Эфсӯсиён* 6:18
Ҳамаи инро бо дуову илтиҷо аз Худо мадад талабида ба ҷо оред ва ҳама вақт бо роҳнамоии Рӯҳ дуо гӯед. Бино бар ин, ҳушёр бошеду барои тамоми халқи Худо ҳамеша истодагарона дуою илтиҷо намоед.
Explore Эфсӯсиён* 6:18
3
Эфсӯсиён* 6:11
Ҳамаи аслиҳаи ҷангиеро, ки Худо ба шумо медиҳад, пӯшед ва ба даст гиред, то ки ба фиребу найрангҳои шайтон муқобилат нишон дода тавонед.
Explore Эфсӯсиён* 6:11
4
Эфсӯсиён* 6:13
Бино бар ин, тамоми силоҳи Худоро ба худ гиред, то ки дар рӯзи ҳамлаи душман бо он зиддият нишон дода тавонеду муборизаро ба охир расонда, дастболо гардед.
Explore Эфсӯсиён* 6:13
5
Эфсӯсиён* 6:16-17
Илова бар ҳамаи ин, имонро сипар кунед, ки бо он ҳамаи тирҳои сӯзони шайтонро хомӯш карда метавонед. Наҷотро низ ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ва сухани Худоро ҳамчун шамшере, ки Рӯҳулқудс медиҳад, ба даст гиред.
Explore Эфсӯсиён* 6:16-17
6
Эфсӯсиён* 6:14-15
Инак, тайёр бошед! Мисли сарбоз ҳақиқатро ҳамчун тасма ба миёнатон баста, росткориро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунед. Инчунин хушхабареро, ки дар бораи сулҳу осоиштагӣ гирифтаед, ҳамчун пойафзори тайёр буданатон ба пой пӯшед.
Explore Эфсӯсиён* 6:14-15
7
Эфсӯсиён* 6:10
Ниҳоят, аз Худованд ва қудрати пурзӯраш қувват гиред.
Explore Эфсӯсиён* 6:10
8
Эфсӯсиён* 6:2-3
Охир, аввалин фармони асосии Худо, ки шарт дорад, чунин аст: «Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо. Он гоҳ корат барор меёбаду умри дароз мебинӣ».
Explore Эфсӯсиён* 6:2-3
9
Эфсӯсиён* 6:1
Бачаҳо, ҳамчун пайравони Худованд падару модаратонро гӯш кунед. Ин вазифаи шумо аст.
Explore Эфсӯсиён* 6:1