Лекин Худо моро бениҳоят сахт дӯст доштааст ва аз рӯйи ин меҳру муҳаббаташ Ӯ, ки пур аз раҳму шафқат аст, ба мо агарчи аз сабаби гуноҳҳоямон мурда ҳисобида мешудем, ҳамроҳи Масеҳ ҳаёт бахшид. Худо моро ҳамроҳи Масеҳ зинда карда ва бо Исои Масеҳ як намуда, дар даргоҳи Худ ҳамроҳаш шинонд. Инак, наҷот ба шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо туҳфа шудааст.