YouVersion Logo
Search Icon

Убадьё 1

1
БОБИ ЯКУМ
Зиллати Адӯм.
1Рӯъёи Убадьё.
Худованд Худо дар бораи Адӯм чунин мегӯяд:
«Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам,
ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст:
„Бархезед, ва бар зидди вай барои ҷанг бархезем“.
2Инак, Ман туро дар миёни халқҳо аз ҳама хурд гардонидаам,
ва ту бағоят манфур ҳастӣ.
3Такаббури дилат туро фирефта кардааст;
ту, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ,
ва масканат дар макони баланд аст,
дар дили худ мегӯӣ: „Кист, ки маро ба замин фурӯд оварад?“
4Агарчи ту худро мисли уқобе баланд мекунӣ, ва лонаи худро дар миёни ситорагон месозӣ,
Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, мегӯяд Худованд.
5Агар дуздон ё ғоратгарон шаб назди ту меомаданд, —
ту чӣ гуна валангор шудаӣ! —
онҳо, охир, фақат он қадар, ки барояшон кифоят бошад, медуздиданд;
агар ангурчинон назди ту меомаданд,
онҳо, охир, баъзе шингилҳоро боқӣ мегузоштанд.
6Неъматҳои Эсов чӣ гуна кофтуков,
ва ганҷҳои ниҳонии ӯ чӣ гуна ошкор карда шудааст!
7Ҳамаи иттифоқчиёнат туро то сарҳад бадар ронданд;
хайрхоҳонат туро дар иштибоҳ андохта,
бар ту ғолиб омаданд;
хӯрандагони нонат доме дар таги ту ниҳоданд, ва дар ҳаққи ту мегӯянд:
„Хираде дар онҳо нест!“
8Дар он рӯз, охир, мегӯяд Худованд,
Ман ҳакимонро дар Адӯм,
ва хирадро аз кӯҳи Эсов маҳв хоҳам кард.
9Ва баҳодурони ту, эй Темон, ба ҳарос хоҳанд афтод,
то ки ҳар яке аз кӯҳи Эсов аз куштор несту нобуд гардад.
Гуноҳи азими Адӯм.
10Аз боиси зулме ки ту дар ҳаққи бародарат Яъқуб кардаӣ,
хиҷолат туро хоҳад пӯшонид,
ва ту ба сурати абадӣ маҳв хоҳӣ шуд.
11Дар он рӯзе ки ту дар рӯ ба рӯ меистодӣ,
дар он рӯзе ки бегонагон дороии ӯро тороҷ мекарданд,
ва аҷнабиён ба дарвозаҳои ӯ дохил мешуданд,
ва дар ҳаққи Ерусалим қуръа мепартофтанд, ту низ мисли яке аз онҳо будӣ.
12Рӯзи бародари худро, рӯзи шикасти ӯро тамошо накун,
ва дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо дар рӯзи ҳалокати онҳо шодӣ нанамо,
ва дар рӯзи мусибат даҳон ба лоф накушо.
13Ба дарвозаи қавми Ман дар рӯзи ҳалокаташон дохил нашав,
ту низ дар рӯзи ҳалокаташон бадбахтии онҳоро тамошо накун,
ва дар рӯзи ҳалокаташон ба дороии онҳо даст дароз накун.
14Ва дар сари чорраҳа наист,
то ки гурезаҳои онҳоро несту нобуд кунӣ;
ва боқимондагони онҳоро дар рӯзи мусибат таслим накун.
Адӯм дар рӯзи Худованд.
15Зеро ки рӯзи Худованд бар ҳамаи халқҳо наздик аст:
чунон ки ту амал кардаӣ, ончунон ба ту амал карда хоҳад шуд;
подоши ту бар сарат хоҳад баргашт.
16Зеро, чунон ки бар кӯҳи муқаддаси Ман нӯшидаед,
ончунон ҳамаи халқҳо ҳамеша хоҳанд нӯшид,
ва нӯшида, фурӯ хоҳанд бурд,
ва тавре хоҳанд шуд, ки гӯё мутлақо мавҷуд набуданд.
Наҷот бар кӯҳи Сион.
17Вале бар кӯҳи Сион наҷот хоҳад буд,
ва он муқаддас хоҳад шуд;
ва хонадони Яъқуб мероси худро тасарруф хоҳанд кард.
18Ва хонадони Яъқуб оташ, ва хонадони Юсуф аланга,
ва хонадони Эсов коҳ хоҳанд буд,
ва дар дохили онҳо даргирифта, онҳоро хоҳанд сӯзонид,
ва бақияе аз хонадони Эсов нахоҳад монд,
зеро ки инро Худованд гуфтааст.
19Ва аҳли ҷануб кӯҳи Эсовро,
ва аҳли пастӣ замини фалиштиёнро тасарруф хоҳанд кард;
ва саҳрои Эфроим ва саҳрои Сомарияро тасарруф хоҳанд кард;
ва Биньёмин — Ҷилъодро.
20Ва асирони ин лашкари банӣ‐Исроил замини канъониёнро то Сорфат тасарруф хоҳанд кард,
ва асирони Ерусалим, ки дар Сефорад мебошанд,
шаҳрҳои ҷанубиро тасарруф хоҳанд кард.
21Ва наҷотдиҳандагон ба кӯҳи Сион хоҳанд баромад,
то ки бар кӯҳи Эсов доварӣ кунанд;
ва малакут аз они Худованд хоҳад шуд».

Currently Selected:

Убадьё 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy