YouVersion Logo
Search Icon

Юил 3

3
БОБИ СЕЮМ
Аз нав барқарор кардани Исроил ва доварӣ дар водии Еҳӯшофот.
1Зеро ки инак, дар он айём ва дар он замон,
ҳангоме ки асирони Яҳудо ва Ерусалимро баргардонида бошам,
2Ман ҳамаи халқҳоро ҷамъ карда,
ба водии Еҳӯшофот хоҳам овард,
ва дар он ҷо бар онҳо
барои қавми Худ ва мероси Худ — Исроил доварӣ хоҳам намуд,
ки варо онҳо дар миёни халқҳо пароканда сохта,
замини Маро тақсим кардаанд,
3Ва бар қавми Ман қуръа партофтаанд,
ва писареро дар ивази фоҳиша додаанд,
ва духтареро дар ивази шароб фурӯхтаанд,
то ки бинӯшанд.
4Ва шумо низ, эй Сӯр ва Сидӯн ва ҳамаи ноҳияҳои Фалиштӣ, дар ҳаққи Ман чиҳо кардед? Оё шумо мехоҳед Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед? Ва агар шумо Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед, Ман бо осонӣ ва ба зудӣ ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид.
5Азбаски шумо нуқра ва тиллои Маро гирифтед, ва беҳтарин колои гаронбаҳои Маро ба қасрҳои худ даровардед,
6Ва писарони Яҳудо ва писарони Ерусалимро ба писарони юнониён фурӯхтед, то ки онҳоро аз ҳудудашон дур кунед, —
7Инак, Ман онҳоро аз маконе ки онҳоро ба он ҷо фурӯхтед, хоҳам бархезонид, ва ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид,
8Ва писарону духтарони шуморо ба дасти писарони Яҳудо хоҳам фурӯхт, то ки онҳоро ба шабоиён, ба халқи дурдасте бифрӯшанд, зеро ки Худованд гуфтааст.
9Инро дар миёни халқҳо эълон кунед,
омодаи ҷанг шавед, паҳлавононро бархезонед;
бигзор ҳамаи мардони ҷангӣ бархоста, наздик оянд.
10Позаҳои худро барои шамшерҳо,
ва досколаҳои худро барои найзаҳо бишканед;
бигзор камқувват гӯяд: „Ман паҳлавон ҳастам“.
11Шитоб намоед ва биёед, эй ҳамаи халқҳои гирду атроф, ва ҷамъ шавед;
паҳлавонони Худро, эй Худованд, ба он ҷо фурӯд овар.
12Бигзор халқҳо бархоста, ба водии Еҳӯшофот биёянд,
зеро ки Ман дар он ҷо хоҳам нишаст,
то ки бар ҳамаи халқҳои гирду атроф доварӣ намоям.
13Досро ба кор андозед, зеро ки ҳосил расидааст; биёед,
пахш кунед, зеро ки ангурдон пур шудааст,
чархуштҳо лабрез гардидааст, зеро ки шарорати онҳо азим аст.
14Издиҳомҳо, издиҳомҳо дар водии доварӣ;
зеро ки рӯзи Худованд дар водии доварӣ наздик аст.
15Офтоб ва моҳ тира мешаванд,
ва ситорагон дурахшонии худро гум мекунанд.
16Ва Худованд аз Сион наъра мезанад,
ва аз Ерусалим овози Худро мебарорад,
ва осмону замин ба ларза меоянд;
вале Худованд паноҳгоҳ барои қавми Худ,
ва истеҳком барои банӣ‐Исроил хоҳад буд.
Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд.
17Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам,
ки дар кӯҳи муқаддаси Худ — Сион сукунат дорам;
ва Ерусалим муқаддас хоҳад буд,
ва бегонагон дигар аз он гузар нахоҳанд кард.
18Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки аз кӯҳҳо оби ангур хоҳад чакид,
ва бар талҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд,
ва ҳамаи рӯдхонаҳои Яҳудо пуроб хоҳанд гардид,
ва чашмае аз хонаи Худованд берун омада,
водии Шиттимро сероб хоҳад кард.
19Миср вайрона хоҳад шуд,
ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт,
аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо карданд,
яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.
20Валекин Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд,
ва Ерусалим — то абадуддаҳр.
21Ва Ман интиқоми хуни онҳоро, ки ҳанӯз нагирифтаам, хоҳам гирифт,
ва Худованд дар Сион сукунат хоҳад дошт».

Currently Selected:

Юил 3: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy