Инҷили Марқӯс 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Шифо ёфтани девона дар Ҷадар.
1Пас ба он канори баҳр ба сарзамини ҷадариён расиданд.
2Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи палид дошт, аз миёни гӯрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд,
3Ки бошишгоҳи вай мағоки гӯр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад;
4Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад;
5Ва ҳамеша, рӯзу шаб, дар кӯҳҳо ва дар миёни гӯрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.
6Чун Исоро аз дур дид, давон‐давон омада, ба Ӯ сачда кард.
7Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!»
8Зеро ки ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи палид, аз ин шахс берун шав».
9Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем».
10Ва аз Ӯ бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11Ва дар чарогоҳи он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид.
12Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем».
13Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.
14Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот онро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он моҷаро берун шитофтанд.
15Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва ҳаросон шуданд.
16Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд.
17Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз худуди онҳо берун равад.
18Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад.
19Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст».
20Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.
Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад.
21Чун Исо боз бо қаиқ ба он сӯи баҳр гузашт, мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ва Ӯ дар канори баҳр буд.
22Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ӯро дид, пеши пояш афтод
23Ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад».
24Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд.
25Як зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд,
26Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, —
27Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурӯҳ аз қафо омада, либоси Ӯро ламс намуд;
28Зеро гуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».
29Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст.
30Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки куввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки либоси Маро ламс кард?»
31Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: „Кист, ки Маро ламс кард?“»
32Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад.
33Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт.
34Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».
35Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?»
36Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, фақат имон овару бас».
37Ва, ҷуз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.
38Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.
39Ва даромадан замон ба онҳо гуфт: «Чаро дар изтироб афтодаед ва гирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст».
40Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
41Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито‐қуми», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез».
42Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле дар ҳайрат монданд.
43Ва Ӯ онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз ин огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд.
Currently Selected:
Инҷили Марқӯс 5: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.