Bible App logo
Search Icon

Инҷили Марқӯс 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Масалҳо дар бораи Малакути Худо.
Дар бораи коранда.
1Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
2Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
3«Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд;
5Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
6Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд;
7Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод;
8Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
9Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
10Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
11Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
12„Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“».
Шарҳи масали коранда.
13Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?
14Коранда каломро мекорад.
15Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
16Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд,
17Лекин дар худ реша надоранд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
18Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд,
19Андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
20Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
Масал дар бораи шамъ.
21Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?
22Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд.
23Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
24Ва ба онҳо гуфт: «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.
25Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад».
Сабзиши нонамоён.
26Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,
27Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;
28Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша;
29Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст».
Масал дар бораи донаи хардал.
30Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?
31Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.
32Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд».
33Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард;
34Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.
Исо тундбодро ором мекунад.
35Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем».
36Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
37Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
38Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?»
39Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
40Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?»
41Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?»

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in