Инҷили Матто 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Давоми мавъизаи болои кӯҳ.
Ҳукм накардан дар ҳаққи дигарон.
1Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед;
2Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
3Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
4Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: „Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам“; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?
5Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки ҳасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
6Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.
Тарғиб барои дуо.
7Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода ҳоҳад шуд;
8Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
9Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад?
10Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад?
11Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод.
12Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.
Ду роҳ.
13Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд;
14Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
Огоҳонидан аз муаллимони козиб.
Имтиҳон.
15Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд:
16Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?
17Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;
18Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи нек.
19Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.
20Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт.
Хатари эътирофи бе имон.
21На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.
22Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“
23Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: „Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!“
Ду асос.
24Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;
25Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд.
26Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард;
27Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».
Исо бо қудрати Худо таълим медод.
28Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд,
29Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён.
Currently Selected:
Инҷили Матто 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

: