Инҷили Матто 6
6
БОБИ ШАШУМ
Давоми мавъизаи болои кӯҳ.
Маҳкум кардани намуди зоҳирӣ дар дин.
1«Зинҳор, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт.
2Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
3Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,
4То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.
5Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд.
6Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи ҳуд даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.
7Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;
Муносибати нав ба дуо.
8Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.
9Пас ба ин мазмун дуо гӯед:
„Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!
исми Ту муқаддас бод;
10Малакути Ту биёяд;
иродаи Ту,
чунон ки дар осмон аст,
дар замин ҳам ба амал ояд;
11Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ;
12Ва қарзҳои моро бибахш,
чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем;
13Ва моро ба озмоиш дучор накун,
балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ;
зеро ки Малакут ва қувват
ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.
14Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид;
15Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.
Дар бораи рӯзадорӣ.
16Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
17Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари ҳуд равған бимол ва рӯи худро бишӯй,
18То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари ҳуд, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.
Қонуни Малакут дар хусуси сарват.
19Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;
20Балки барои ҳуд ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;
21Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо ҳоҳад буд.
22Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан ҳоҳад буд;
23Лекин агар чашми ту ҳира бошад, тамоми баданат торик ҳоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот!
24Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно#6:24 Мамуно — сарват; баъзе қавмҳои қадимӣ худои сарватро ҳамин тавр меномиданд. хизмат кунед.
Восита ба муқобили ғамхориҳо —
умедворӣ ба Падаре ки дар осмон аст.
25Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?
26Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?
27Ва кист аз шумо, ки бо ғамҳории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
28Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд;
29Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст;
30Пас агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад!
31Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: „Чӣ бихӯрем?“ ё: „Чӣ бинӯшем?“ ё: „Чӣ бипӯшем?“
32Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.
33Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.
34Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист.
Currently Selected:
Инҷили Матто 6: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

: