Инҷили Матто 8
8
БОБИ ҲАШТУМ
Шифо ёфтани махавӣ.
1Вақте ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд.
2Ва инак, махавие наздик омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
3Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.
4Ва Исо ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе магӯ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».
Шифо ёфтани хизматгори мирисади Кафарнаҳум.
5Чун Исо вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, гуфт:
6«Худовандо! Хизматгори ман гирифтори фалаҷ шуда, дар ҳона хобидааст ва азоби сахте дорад».
7Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо хоҳам дод».
8Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Ман лоики он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; балки фақат сухане бигӯ, ва хизматгори ман шифо хоҳад ёфт;
9Зеро ки ман як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад».
10Ва Исо ин суҳанонро шунида, дар тааҷҷуб монд ва ба пайравони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: чунин имоне дар Исроил ҳам наёфтаам.
11Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст;
12Лекин фарзандони малакут ба зулмоти берун бадар ронда хоҳанд шуд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон ҳоҳад буд».
13Ва Исо ба мирисад гуфт: «Бирав, мувофиқи имонат ба ту ато шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт.
Исо модарарӯси Петрусро шифо медиҳад.
14Вақте ки Исо ба хонаи Петрус омад, модарарӯси ӯро дид, ки дар ҳолати табларза хобидааст,
15Ва дасти ӯро ламс кард, ва табларзаи ӯ қатъ шуд; ва ӯ бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
16Чун шом шуд, бисьёр девонагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане арвоҳро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод,
17То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: «Ӯ заъфҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт».
18Чун Исо мардуми бисьёрро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.
Пайравӣ ба Исо.
19Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада, гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард».
20Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад».
21Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам».
22Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд».
Исо мавҷҳоро ором мекунад.
23Чун ба қаиқ савор шуд, шогирдонаш бо Ӯ ҳамроҳӣ карданд.
24Ногоҳ ғалаёни бузурге дар баҳр ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо қаиқро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хуфта буд.
25Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Худовандо! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем».
26Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд.
27Ва мардум дар тааҷҷуб монда, гуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва баҳр низ ба Ӯ итоат мекунанд?»
Исо девҳоро берун мекунад.
28Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девона аз мағоки гӯрҳо берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ бигзарад.
29Ва инак, онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то ки моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!»
30Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукон мечарид.
31Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, ба галаи хукон моро равона кун».
32Ба онҳо гуфт: «Биравед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукон даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукон аз баландӣ ба баҳр ҷаста, дар об ғарқ шуд.
33Ва хукбонҳо давида рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девонагон рӯй дод, нақл карданд.
34Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.
Currently Selected:
Инҷили Матто 8: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

: