YouVersion Logo
Search Icon

Айюб 2

2
БОБИ ДУЮМ
Айюб бори дуюм ба ихтиёри шайтон супурда шуд.
1Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад, то ки пеши Худованд ҳозир шавад.
2Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
3Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».
4Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;
5Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
6Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо».
7Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.
8Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд.
Айюб ва зани ӯ.
9Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».
10Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.
Айюб ва се дӯсти ӯ.
11Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.
12Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд.
13Ва ҳафт рӯзу ҳафт шаб бо ӯ бар замин нишастанд, ва касе ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дарди ӯ бағоят сахт аст.

Currently Selected:

Айюб 2: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy