Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.
Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд.
Ва ҳафт рӯзу ҳафт шаб бо ӯ бар замин нишастанд, ва касе ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дарди ӯ бағоят сахт аст.