Ирмиё 2
2
БОБИ ДУЮМ
Ирмиё ба Яҳудо фиристода шуд.
1Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2«Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй:
Худованд чунин мегӯяд:
меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро,
вақте ки аз қафои Ман дар биёбон,
дар замини нокишта мерафтӣ,
барои ту дар хотир дорам.
3Исроил барои Худованд қудс аст,
ва навбари меваҳои Ӯ;
онҳое ки онро бихӯранд, маҳкум хоҳанд шуд,
ва мусибате бар онҳо хоҳад омад», — мегӯяд Худованд.
4Каломи Худовандро бишнавед, эй хонадони Яъқуб
ва ҳамаи қабилаҳои хонадони Исроил!
5Худованд чунин мегӯяд:
«Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд,
ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта,
худашон ба батолат мубаддал гардиданд?
6Ва нагуфтанд: „Куҷост Худованде
ки моро аз замини Миср берун овард,
ва моро дар биёбон,
дар замини вайрона ва пур аз ҳафраҳо,
дар замини харобазор ва зулмот бурд,
дар замине ки касе аз он гузар накардааст,
ва касе дар он сокин набуд?“
7Ва Ман шуморо ба боғистон овардам,
то ки меваҷот ва неъмати онро бихӯред;
вале шумо омада, замини Маро палид кардед,
ва мероси Маро зишт гардондед.
8Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“
Ва шариатдонон Маро нашинохтанд,
ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд;
ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд,
ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.
9Бинобар ин боз бар шумо доварӣ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, —
ва бар писарони писарони шумо доварӣ хоҳам кард.
10Пас, бар ҷазираҳои Киттим гузар кунед ва бубинед,
ва ба Қедор бифиристед ва дурустакак назар андозед,
ва бубинед, ки оё чизе монанди ин воқеъ шудааст?
11Оё халқе худоёни худро иваз кардаанд,
агарчи онҳо худо нестанд?
Вале қавми Ман ҷалоли худро
ба он чи фоида намебахшад, иваз кардаанд.
12Ба ин тааҷҷуб намоед, эй афлок,
ва ба ҳаяҷон омада, бағоят дар даҳшат афтед! — мегӯяд Худованд.
13Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки
чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо
канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.
14Оё Исроил ғулом аст? Ё хоназод аст?
Пас чаро вай ба ғанимат гирифта шудааст?
15Шерони ҷавон бар вай наъра зада,
овози худро баланд карданд,
ва замини онро ба биёбон табдил доданд;
шаҳрҳои он сӯхта, ғайримаскун шудааст.
16Писарони Нӯф ва Таҳфанҳес низ
фарқи саратро зада шикастанд.
17Оё ин осеб ба ту аз он сабаб нарасид,
ки ту Худованд Худои худро,
вақте ки туро бо роҳи рост мебурд, тарк кардӣ?
18Ва акнун туро бо роҳи Миср чӣ кор аст, —
то ки аз оби Шиҳӯр бинӯшӣ?
Ва туро бо роҳи Ашшур чӣ кор аст, —
то ки аз оби наҳр бинӯшӣ?
19Шарорати ту туро ҷазо медиҳад,
ва муртадии ту туро мазаммат менамояд;
пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад
ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ,
ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.
20Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ
ва бандҳои худро баркандӣ,
ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“,
зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд
ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.
21Аммо Ман туро ҳамчун рази асил,
ҳамчун тухме ки комилан некӯст, кошта будам;
пас, чӣ тавр ту барои Ман ба токи ёбоие мубаддал шудаӣ?
22Пас, ҳарчанд худро бо ишқор бишӯӣ
ва собуни зиёде барои худ ба кор барӣ,
доғҳои гуноҳи ту пеши назари Ман намоён аст, — мегӯяд Худованд Худо.
23Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам,
аз қафои Баал нарафтаам“?
Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ,
назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо,
эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад!
24Ту мисли гӯрхари модаи ба биёбон одаткардае ҳастӣ,
ки он дар айни пурзӯр шудани шаҳвати дилаш кандаканда нафас мекашад,
ва кист, ки онро аз шавқи он боздошта тавонад?
Ҳамаи толибони он хаста нахоҳанд шуд:
онро дар моҳи он хоҳанд ёфт.
25Пои худро аз бараҳнагӣ ва гулӯи худро аз ташнагӣ нигоҳ дор.
Вале ту гуфтӣ: „Не, умеде нест!
Зеро ки бегонаҳоро дӯст медорам ва аз қафои онҳо хоҳам рафт“.
26Чунон ки дузд ҳангоми ба даст афтоданаш шармсор мешавад,
ончунон хонадони Исроил:
худашон, подшоҳашон, миронашон
ва коҳинонашон ва анбиёяшон шармсор шуданд.
27Ба чӯб мегӯянд: „Ту падари ман ҳастӣ“,
ва ба санг: „Ту маро зоидаӣ“;
зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро;
вале дар вақти мусибати худ мегӯянд:
„Бархез ва моро наҷот деҳ!“
28Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд?
Бигзор онҳо бархезанд,
агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд;
зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо,
баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд.
29Чаро бо Ман талош мекунед?
Ҳамаатон ба Ман осӣ шудаед, — мегӯяд Худованд.
30Бар абас писарони шуморо зарба задаам:
онҳо сабақе нагирифтанд;
шамшери шумо, мисли шери дарранда,
анбиёи шуморо хӯрдааст.
31Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед:
оё Ман барои Исроил биёбон будам?
Ё кишвари торикии зулмот?
Пас, чаро қавми Ман гуфтанд:
„Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“?
32Оё бокира зевари худро,
ва арӯс тасмаи ороиши худро фаромӯш мекунад?
Вале қавми Ман рӯзҳои бешуморе Маро фаромӯш карданд.
33Чӣ гуна моҳирона роҳи худро пайдо мекунӣ,
то ки ба ишқбозӣ ноил гардӣ!
Бинобар ин ба зиштҳо низ роҳҳои худро таълим додаӣ.
34Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд:
агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ,
бо вуҷуди ҳамаи инҳо,
35Ту мегӯӣ: „Азбаски бегуноҳ ҳастам,
ғазаби Ӯ аз ман баргардонида хоҳад шуд“. Инак,
Ман туро доварӣ хоҳам намуд барои он ки ту мегӯӣ:
„Ман гуноҳ накардаам“.
36Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ?
Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ,
ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд;
37Аз вай низ, дастҳоятро бар сарат гузошта, берун хоҳӣ рафт,
зеро Худованд аз онҳое ки пушту паноҳат медонӣ, нафрат дорад,
ва ту бо онҳо муваффақият нахоҳӣ ёфт.
Currently Selected:
Ирмиё 2: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.