YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 1

1
БОБИ ЯКУМ
Сарсухан.
1Суханони Ирмиё ибни Ҳилқиё, аз коҳиноне ки дар Анотӯт, дар замини Биньёмин буданд,
2Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,
3Ва дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то охири соли ёздаҳуми Сидқиё ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то вақте ки Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуд.
Даъват шудани Ирмиё.
4Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
5«Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам,
ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам,
туро барои халқҳо набӣ таъин кардам».
6Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо!
Ман, охир, наметавонам сухан ронам,
зеро ки амраде ҳастам».
7Вале Худованд ба ман гуфт:
«Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“,
балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт,
ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.
8Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам,
то ки туро халосӣ диҳам», — гуфт Худованд.
9Ва Худованд дасти Худро дароз карда, ба даҳанам расонд, ва Худованд ба ман гуфт:
«Инак, суханони Худро дар даҳони ту гузоштам.
10Бидон, ки туро имрӯз бар халқҳо ва бар мамлакатҳо баргумоштам,
то ки решакан кунӣ ва вайрон намоӣ,
талаф кунӣ ва хароб намоӣ,
обод кунӣ ва ниҳол шинонӣ».
Рӯъёи шохаи дарахти бодом ва дег.
11Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: «Эй Ирмиё, чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро мебинам».
12Ва Худованд ба ман гуфт: «Хуб дидаӣ; зеро ки Ман бар каломи Худ ба хубӣ диққат мекунам, то ки онро ба амал оварам».
13Ва каломи Худованд бори дигар бар ман нозил шуда, гуфт: «Чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Деги ҷӯшоне мебинам, ки рӯи он аз ҷониби шимол аст».
14Ва Худованд ба ман гуфт: «Мусибате аз шимол бар ҳамаи сокинони ин замин хоҳад омад.
15Зеро инак, Ман ҳамаи қабилаҳои мамлакатҳои шимолро даъват хоҳам намуд, — гуфт Худованд, — ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро дар даҳани дарвозаи Ерусалим, ва назди ҳамаи деворҳои он гирдогирд, ва назди ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо барқарор хоҳанд кард.
16Ва бар онҳо барои тамоми шарораташон доварӣ хоҳам кард, барои он ки онҳо Маро тарк намуда, ба худоёни дигар бухур#1:16 Бухур — қатрони (моддаи) хушбуе, ки дар вақти ибодат барои мадҳу санои Худованд месӯзондан. сӯзонданд, ва ба маснӯи дастҳои худ саҷда карданд.
17Пас, ту камари худро бибанд, ва бархоста, ҳар он чиро Ман ба ту амр фармоям, ба онҳо бигӯй; аз онҳо натарс, мабодо туро пеши онҳо ба изтироб оварам.
18Ва инак, Ман туро имрӯз шаҳри истеҳкомдоре ва сутуни оҳанине ва ҳисори мисине бар тамоми ин замин, ба муқобили подшоҳони Яҳудо, ба муқобили мирони он, ба муқобили коҳинони он ва ба муқобили қавми ин замин гардондам.
19Ва онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро ки Ман бо ту ҳастам, — гуфт Худованд, — то ки туро халосӣ диҳам».

Currently Selected:

Ирмиё 1: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in