Яъқуб 1
1
БОБИ ЯКУМ
Имтиҳони имон.
1Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.
2Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,
3Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;
4Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.
5Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.
6Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:
7Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.
8Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
9Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд,
10Ва сарватдор — бо залолати худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст:
11Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.
12Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.
Озмоиш аз куҷо ба амал меояд.
13Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,
14Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;
15Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.
16Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.
17Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.
18Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.
Огоҳонидан аз худфиребӣ дар вақти шунидани Каломи Худо.
19Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;
20Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад.
21Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.
Хушо касе ки Каломи Худоро ба ҷо меоварад.
22Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,
23Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад:
24Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст.
25Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.
26Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.
27Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.
Currently Selected:
Яъқуб 1: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.