Аъмоли Ҳаввориён 28
28
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
4. Фурудоӣ ба ҷазираи Малит.
Павлусро мор газид.
1Вақте ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад.
2Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.
3Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.
4Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бидуни шакку шубха, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда бимонад».
5Аммо ӯ ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.
6Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ Худое мебошад.
5. Мӯъҷизаи шифо ёфтани падари Публиюс.
7Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ӯ Публиюс ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.
8Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди ишкам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод.
9Баъд аз ин воқеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд,
10Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.
11Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, савор шудем
12Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рӯз мондем;
13Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Пӯтюлӣ шудем;
14Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем.
15Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки «Се майхона» ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорӣ кард ва қавидил гашт.
Павлус дар Рум ва хизматгузории ӯ.
16Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.
17Баъд аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд;
18Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;
19Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;
20Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо вохӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам».
21Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё суҳани баде нагуфтааст;
22Лекин хоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд».
23Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисьёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.
24Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.
Павлус ба халқҳо мавъиза мекунад.
25Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:
26„Назди ин қавм бирав ва бигӯ: бо гӯшҳои шунаво хоҳед шунид,
вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист,
вале нахоҳед дид;
27Зеро ки дили ин қавм сахт ва гӯшҳошон вазнин
ва чашмҳошон баста шудааст,
мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд,
то ки онҳоро шифо бахшам“.
28Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид».
29Чун инро гуфт, яҳудиён рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд.
30Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазироӣ менамуд
31Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.
Currently Selected:
Аъмоли Ҳаввориён 28: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.