YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Эфсӯсиён 2

2
БОБИ ДУЮМ
Худо бар ҳасби муҳаббати бузурги Худ имондоронро ба воситаи Хуни Масеҳ наҷот медиҳад.
1Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.
2Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.
3Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.
4Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад,
5Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз шумо наҷот ёфтаед, —
6Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,
7То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.
8Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,
9Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.
10Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
11Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнаи онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст;
12Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед.
13Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.
Ба воситаи Исо яҳудиён ва халқҳо иҷозат доранд, ки ба Падаре ки дар осмон аст, наздик шаванд.
14Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,
15Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,
16Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.
17Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод,
18Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.
19Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,
20Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.
21Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,
22Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy