YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Эфсӯсиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Ҷалол додани Худо барои сирри нақшаи абадии наҷоти Ӯ,
ки дар Масеҳ ба амал омадааст.
1Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:
2Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,
4Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.
5Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,
6Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.
7Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
8Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ
9Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд.
10Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард.
11Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем,
12То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.
13Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед,
14Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.
Сарвати беҳадди мероси пур аз ҷалоли Худо барои имондорон.
15Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,
16Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам,
17То ки Худои Исои Масеҳи Худованди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд,
18Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,
19Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст,
20Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд,
21Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад,
22Ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,
23Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy