YouVersion Logo
Search Icon

Дониёл 2

2
БОБИ ДУЮМ
Рӯъёи Набукаднесар.
Ҳакимон таъбири онро наметавонанд ошкор кунанд.
1Ва дар соли дуюми подшоҳии Набукаднесар, Набукаднесар хобҳо медид, ва рӯҳи ӯ музтариб шуд, ва хобаш аз ӯ дур шуд.
2Ва подшоҳ амр фармуд, ки ғайбдонон ва афсунгарон ва дуохонон ва мунаҷҷимонро бихонанд, то ки онҳо ба подшоҳ хобҳои ӯро бигӯянд. Ва онҳо омада, ба ҳузури подшоҳ истоданд.
3Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Хобе дидам, ва рӯҳи ман музтариб шуд — мехоҳам хобро бидонам».
4Ва мунаҷҷимон ба подшоҳ ба забони арамӣ гуфтанд: «То абад зинда бош, эй подшоҳ! Хобро ба бандагони худ бигӯй, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард».
5Подшоҳ ба мунаҷҷимон ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, ки агар хоб ва таъбири онро ба ман ошкор накунед, пора‐пора хоҳед шуд, ва хонаҳотон харобазор хоҳад гардид,
6Вале агар хоб ва таъбири онро ошкор кунед, тӯҳфаҳо ва инъомҳо ва ҷалоли азиме аз ҷониби ман пайдо хоҳед кард; пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед».
7Бори дигар онҳо ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Подшоҳ хобро ба бандагони худ бигӯяд, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард».
8Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ман яқин медонам, ки шумо фурсат меҷӯед, чун мебинед, ки аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст,
9Ки агар хобро ба ман ошкор накунед, барои шумо фақат як ҳукмнома аст. Суханони дурӯғу ботилро шумо ният доштед ба хузури ман бигӯед, то ки вақт мурур намояд; пас, хобро ба ман бигӯед, ва ман хоҳам донист, ки таъбири онро метавонед ба ман ошкор кунед».
10Мунаҷҷимон ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Касе бар рӯи замин нест, ки инро тавонад ба подшоҳ ошкор кунад, дар сурате ки ҳеҷ подшоҳи бузург ва пуриқтидор чунин чизро аз ҳеҷ ғайбдон, афсунгар ва мунаҷҷим талаб накардааст.
11Ва он чи подшоҳ талаб мекунад, чунон мушкил аст, ки ғайр аз худоёне ки масканашон бо башар нест, ҳеҷ каси дигар наметавонад онро ба ҳузури подшоҳ ошкор кунад».
12Аз ин сабаб подшоҳ ба ғазаб омада, бағоят хашмгин шуд ва амр фармуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро несту нобуд кунанд.
13Ва фармон дода шуд, ки ҳакимон бояд кушта шаванд; ва Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ мекарданд, то он шахсонро ба қатл расонанд.
14Он гоҳ Дониёл ба сардори посбонони подшоҳ — Арьюк, ки барои куштани ҳакимони Бобил берун омада буд, бо машварат ва ҳикмат муроҷиат намуд;
15Ба Арьюк, ки мансабдоре ба ҳузури подшоҳ буд, рӯ оварда, гуфт: «Чаро аз ҷониби подшоҳ чунин фармони сахт дода шудааст?» Он гоҳ Арьюк асли масъаларо ба Дониёл баён намуд.
16Ва Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба ӯ мӯҳлат бидиҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ ошкор намояд.
17Он гоҳ Дониёл ба хонаи худ рафта, ба рафиқонаш Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё дар ин бобат хабар дод,
18То аз Худои осмон дар бораи ин роз марҳамат талаб кунанд, то ки Дониёл ва рафиқонаш бо дигар ҳакимони Бобил несту нобуд нашаванд.
Роз ба Дониёл ошкор шуд.
19Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд,
20Ва Дониёл сухан ронда, гуфт:
«Исми Худо аз азал то абад муборак бод,
ки ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст!
21Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад,
подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд,
ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.
22Ӯ чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор мекунад, он чиро,
ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст.
23Ман туро, эй Худои падаронам, шукрона ва ҳамд мегӯям,
барои он ки ҳикмат ва қудрат ба ман бахшидаӣ, ва алҳол он чиро, ки аз ту илтимос намудем, ба ман ошкор кардӣ, зеро ки масъалаи подшоҳро ба мо ошкор кардӣ».
24Баъд аз ин, Дониёл назди Арьюк, ки подшоҳ қатли ҳакимони Бобилро ба вай супурда буд, рафт; ва омада, ба вай гуфт: «Ҳакимони Бобилро ба қатл нарасон; маро ба ҳузури подшоҳ бибар, ва ман таъбири хобро ба ӯ баён хоҳам кард».
25Он гоҳ Арьюк фавран Дониёлро ба ҳузури подшоҳ овард, ва ба ӯ чунин гуфт: «Ман шахсеро аз асирони Яҳудия пайдо кардам, ки вай метавонад таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд».
26Дар ҷавоб подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, гуфт: «Оё ту метавонӣ хоберо, ки ман дидаам, бо таъбири он ба ман бигӯӣ?»
27Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Розеро, ки подшоҳ пурсидааст, ҳакимон, афсунгарон, ғайбдонон ва ҷодугарон наметавонанд ба подшоҳ баён намоянд.
28Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:
29Ту, эй подшоҳ, бар бистари худ дар он хусус фикру хаёл кардаӣ, ки баъд аз ин чиҳо ба вуқӯъ хоҳад омад, — ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чи ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст.
30Валекин ба ман на аз сабаби ҳикмате ки бештар аз ҳамаи зиндаҳо дорам, ин роз ошкор шудааст, балки аз барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад, ва ту фикру хаёли дили худро бидонӣ.
Хоби фаромӯшгардида ба ёди подшоҳ оварда шуд.
31Ту, эй подшоҳ, чунин рӯъёе дидаӣ: инак, як ҳайкали бузург; ин ҳайкали бузург, ки бисьёр дурахшон буд, дар рӯ ба рӯи ту меистод, ва намуди саҳмгине дошт.
32Сари ин ҳайкал аз тиллои холис, сина ва бозуҳояш аз нуқра, шикам ва ронҳояш аз мис буд;
33Соқҳояш аз оҳан, пойҳояш қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд.
34Ту дидаӣ, ки санге канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зад ва онҳоро гард‐гард кард.
35Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.
Хобро таъбир кардани Дониёл.
36Хоб ҳамин аст, ва таъбири онро ба ҳузури подшоҳ хоҳем гуфт.
37Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту салтанат, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст;
38Ва дар ҳар ҷое ки банӣ‐одам, ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво сукунат доранд, онҳоро ба дасти ту супурда, туро бар ҳамаи онҳо ҳукмраво гардонидааст, — он сари тилло ту ҳастӣ.
39Баъд аз ту салтанати дигаре барпо хоҳад шуд, ки аз салтанати ту пасттар бошад, ва салтанати сеюми дигаре, — салтанати мисин, — ки он бар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад шуд.
40Ва салтанати чорум мисли оҳан қавӣ хоҳад буд; чунон ки оҳан ҳама чизро пора‐пора ва гард‐гард мекунад, он низ, мисли ҳамин оҳани шикананда, ҳамаи ин чизҳоро пора‐пора хоҳад кард ва хоҳад шикаст.
41Ва ин ки ту пойҳо ва ангуштонро дидаӣ, ки қисман аз гили кулолгар ва қисман аз оҳан буд, ин яъне мамлакати тақсимшудаест, ки қадаре аз қуввати оҳан дар он хоҳад буд, чунон ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ.
42Ва чунон ки ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд, ончунон ин салтанат қисман қавӣ ва қисман зудшикан хоҳад буд.
43Ва ин ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ, ин яъне онҳо бо насли одам омезиш хоҳанд ёфт, валекин бо ҳамдигар пайванд нахоҳанд шуд, чунон ки оҳан бо гил пайванд намешавад.
44Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.
45Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!»
Ба бузургӣ расидани Дониёл.
46Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар рӯйнокӣ афтода, ба Дониёл саҷда бурд ва амр фармуд, ки барои ӯ ҳадияҳо ва бухур#2:46 Бухур — қатрони (моддаи) хушбуе, ки дар вақти ибодат барои мадҳу санои Худованд месӯзондан. биёранд.
47Подшоҳ ба Дониёл ҷавоб гардонда, гуфт: «Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад, зеро ки ту тавонистӣ ин розро ошкор намоӣ!»
48Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл бузургӣ бахшид ва инъомҳои сершумор ва гаронбаҳо ба ӯ дод, ва ӯро ҳоким бар тамоми вилояти Бобил, ва раиси сардорон бар ҳамаи ҳакимони Бобил таъин намуд.
49Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.

Currently Selected:

Дониёл 2: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in