YouVersion Logo
Search Icon

Дониёл 1

1
БОБИ ЯКУМ
Шарҳи ҳоли Дониёл.
1Дар соли сеюми подшоҳии Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудо, Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад ва онро муҳосира кард.
2Ва Худованд Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудоро бо як қисми зарфҳои хонаи Худо ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор, ба хонаи худои худ овард, ва зарфҳоро дар ганҷхонаи худои худ гузошт.
3Ва подшоҳ ба Ашфаназ, сардори хоҷасароёни худ, амр фармуд, ки аз банӣ‐Исроил, аз насли шоҳон ва аъёну ашроф амрадонеро биёрад,
4Ки ҳеҷ нуқсони ҷисмонӣ надошта бошанд, ва зеботалъат, ва дар хикмат моҳир, ва соҳиби дониш ва дар таълим ҳушфаҳм бошанд, ва барои хизмат дар қасри подшоҳ қувват дошта бошанд, — ва ба онҳо забон ва адабиёти калдониёнро таълим диҳад.
5Ва подшоҳ барои онҳо хӯроки ҳаррӯзаро аз суфраи подшоҳӣ ва аз шаробе ки худаш менӯшид, таъин намуд, ва амр фармуд, ки онҳоро се сол тарбият диҳанд, ва баъд аз гузаштани ин мӯҳлат онҳо дар ҳузури подшоҳ хоҳанд истод.
6Ва дар миёни онҳо Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё буданд.
7Ва сардори хоҷасароён ба онҳо номҳои дигар дод: Дониёлро Балтшасар, Хананьёро Шадрак, Мишоилро Мешак ва Азарьёро Абднаҷу ном ниҳод.
8Вале Дониёл дар дили худ аҳд кард, ки худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, палид накунад, бинобар ин аз сардори хоҷасароён иҷозат пурсид, то ки палид нашавад.
9Ва Худо эҳсон ва марҳаматро дар хузури сардори хоҷасароён ба Дониёл ато намуд.
10Ва сардори хоҷасароён ба Дониёл гуфт: «Ман аз оғои худ, подшоҳ, ки хӯрок ва шароби шуморо худаш таъин намудааст, метарсам, ки шояд ӯ чеҳраҳои шуморо назар ба амрадони ҳамсолатон лоғартар бубинад, ва шумо сари маро ба ҳузури подшоҳ дар хатар хоҳед андохт».
11Ва Дониёл ба пешхизмати дастархончӣ, ки ӯро сардори хоҷасароён бар Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё баргумошта буд, гуфт:
12«Лутфан, бандагонатро даҳ рӯз озмоиш намо: ба мо сабзавот барои хӯрдан бидиҳанд, ва об барои нӯшидан;
13Ва чеҳраҳои моро ба ҳузури ту бо чеҳраҳои амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯранд, муқоиса намоянд, ва чун бубинӣ, бар тибқи он бо бандагонат амал намо».
14Ва ӯ дар ин хусус ба сухани онҳо гӯш андохт, ва даҳ рӯз онҳоро озмоиш кард.
15Ва баъд аз гузаштани даҳ рӯз чеҳраҳои онҳо, назар ба амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯрданд, зеботар, ва баданҳошон фарбеҳтар шуда буд.
16Ва пешхизмати дастархончӣ хӯрокашон ва шароберо, ки бояд бинӯшанд, гирифта, ба онҳо сабзавот медод.
17Ва Худо ба ин чор амрадон дониш ва фаҳмиши ҳар адабиёт ва ҳикматро ато фармуд, ва Дониёл ба ҳар гуна рӯъёҳо ва хобҳо сарфаҳм мерафт.
18Ва баъд аз итмоми айёме ки подшоҳ барои овардани онҳо муайян намуда буд, сардори хоҷасароён онҳоро ба ҳузури Набукаднесар овард.
19Ва подшоҳ бо онҳо гуфтугӯ кард, ва аз миёни ҳамаи онҳо касе мисли Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё ёфт нашуд, ва онҳо ба ҳузури подшоҳ истоданд.
20Ва дар ҳар масъалаи ҳикмат ва маърифат, ки подшоҳ аз онҳо пурсон мекард, онҳоро аз ҳамаи ғайбдонон ва афсунгароне ки дар тамоми мамлакати ӯ буданд, даҳчандон болотар ёфт.
21Ва Дониёл то соли якуми подшоҳ Куруш буд.

Currently Selected:

Дониёл 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in