YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Нутқи Истефанус ба ҳузури шӯрои пирон.
1Он гоҳ саркоҳин пурсид: «Оё инҳо рост мегӯянд?»
2Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд
3Ва ба ӯ гуфт: „Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сӯи замине ки ба ту нишон медиҳам, равона шав“.
4Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид
5Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад.
6Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ ҳоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб ҳоҳанд дод.
7„Аммо Ман“, гуфт Худо, „бар он ҳалқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад, доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард“.
8Ва аҳди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳаштум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид.
9Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд; лекин Худо бо ӯ буд
10Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср баҳшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард.
11Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.
12Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;
13Дар сафари дуюм Юсуф ҳудро ба бародаронаш шиносонид, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.
14Юсуф кас фиристода, падари ҳуд Яъкуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд.
15Яъқуб ба Миср омад, ва ҳудаш ва падарони мо вафот ёфтанд;
16Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банӣ‐Ҳамӯри шакемӣ ба нуқраи худ харида буд, дафн карданд.
17Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд,
18То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешиноҳт;
19Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.
20Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар ҳонаи падари худ парвариш ёфт;
21Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, дуҳтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард;
22Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал қавӣ шуд.
23Вақте ки ӯ чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣ‐Исроилро тафаққуди ҳол кунад;
24Чун якеро мазлум дид, ӯро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт.
25Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.
26Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: „Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро яқдигарро меранҷонед?“
27Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: „Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?
28Оё меҳоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?“
29Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидьён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуд.
30Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар шӯълаи буттаи фурӯзон ба ӯ зоҳир шуд.
31Мусо, чун дид, аз ин рӯъё дар ҳайрат афтод, ва ҳангоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гӯшаш расид:
32„Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам“. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.
33Худованд ба ӯ гуфт: „Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст;
34Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашанд, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фуромадаам; акнун биё, то ки туро ба Миср бифиристам“.
35Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд: „Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?“, Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод;
36Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард.
37Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ‐Исроил гуфт: „Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён ҳоҳад овард; ба суҳанони Ӯ гӯш диҳед“.
38Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ суҳан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,
39Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд
40Ва ба Ҳорун гуфтанд: „Барои мо ҳудоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст“.
41Дар он айём гӯсолае соҳтанд ва ба он бут курбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ ҳеле шод гаштанд.
42Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст: „Эй ҳонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо такдим кардед?
43Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард“.
44Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, бисозад.
45Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва ҳайма то замони Довуд дар он ҷо монд,
46Ки ӯ дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дарҳост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад.
47Вале Сулаймон барои Ӯ хонае соҳт.
48Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои соҳтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст:
49„Осмон, мегӯяд Худованд, курсии Ман аст,
ва замин пойандози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард
ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?
50Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?“
51Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:
52Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадани Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед,
53Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояи он гардан тофтед».
Риёзаткаши аввалин.
Қайди якум дар бораи Павлус.
54Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.
55Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулқудс буд, сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид
56Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам».
57Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд
58Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.
59Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ дуо меҳонду мегуфт: «Эй Исои Худованд! Рӯҳи маро қабул кун».
60Сонӣ зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ҷон дод.

Highlight

Share

Compare

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in