YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 6

6
БОБИ ШАШУМ
Дьяконҳои аввалин.
1Дар он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд.
2Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем;
3Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рӯҳулқудс ва пурҳикматро аз миёни ҳуд интихоб намоед, то ки онҳоро ба ин ҳизмат таъин кунем;
4Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул ҳоҳем шуд».
5Ин таклиф ба тамоми ҷамоат маъқул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс буд, ва Филиппус ва Прохорус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд, интихоб карданд;
6Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд.
7Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд.
Таъқиботи сеюм.
Айбдор кардани Истефанус.
8Истефанус, ки пур аз имон ва кувват буд, дар миёни қавм аломоту мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард.
9Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аз аҳли Қилиқия ва Осиё бо Истефанус баҳсу мунозира карданд,
10Лекин ба он ҳикмат ва Рӯҳе ки дар суҳанонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд.
11Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигӯянд: «Мо шунидем, ки ӯ дар ҳаққи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт».
12Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ хуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шӯрои пирон бурданд.
13Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегӯяд;
14Зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: „Исои Носирӣ ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағьир ҳоҳад дод“».
15Ҳамаи касоне ки дар шӯрои пирон нишаста буданд, бар ӯ назар андохта, диданд, ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд.

Highlight

Share

Compare

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in