YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Таъқиботи аввалин ба муқобили ҳаввориён.
1Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд,
2Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шаҳси Исо эҳьёи мурдагонро мавъиза менамуданд,
3Ва дасти тааддӣ ба онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд.
4Аммо бисьёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.
Нутқи Петрус ба пирон.
5Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд,
6Ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд,
7Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по хезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?»
8Петрус аз Рӯхулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!
9Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст,
10Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд, — оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:
11Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст.
12Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».
Мавъиза ба исми Исо манъ карда шудааст.
13Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;
14Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.
15Ба онҳо амр фармуданд, ки аз шӯрои пирон берун бираванд; пас аз он бо якдигар машварат карданд
16Ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак ба ҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мӯъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;
17Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро саҳт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд».
18Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.
19Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?
20Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем».
21Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд;
22Шахсе ки ин мӯъҷизаи шифо ба вай рӯй дод, бештар аз чиҳилсола буд.
Шогирдон бори дуюм аз Рӯҳулқудс пур мешаванд.
23Баъд аз раҳо шуданашон назди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд.
24Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!
25Ту бо забони падари мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рӯҳулкудс гуфтаӣ:
„Чаро халқҳо шӯриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?
26Подшоҳони замин қиём кардаанд ва мирон мутта ҳид шудаанд
бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ“.
27Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо гайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд,
28То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.
29Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд,
30Дар сурате ки Ту дасти Худро барои шифо бахшидан ва барои нишон додани аломоту мӯъҷизот ба исми Писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ».
31Ҳамин ки дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.
Аҳволи калисои Ерусалим
32Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо муштарак медоштанд.
33Ҳаввориён бо кувваи бузурге ба эҳьёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд.
34Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда,
35Дар ихтиёри ҳаввориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд.
36Юсуф, ки ҳаввориён ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне «ибни тасаллӣ» — ро дода буданд, ва ӯ аз сибти Левӣ, аз аҳли Қаприс буд,
37Замине дошт, ва онро фурӯхт ва пулашро оварда, дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.

Highlight

Share

Compare

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in