YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 3

3
БОБИ СЕЮМ
Лангро шифо додани ҳаввориён.
1Рӯзе дар соати нӯҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.
2Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад;
3Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.
4Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ синчакунон нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».
5Ӯ ба онҳо назар дӯхт ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.
6Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав».
7Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт,
8Ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.
9Тамоми мардум ӯро роҳравон ва Худоро ҳамдгӯён диданд
10Ва ӯро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, дар даҳшат ва дар ҳайрат афтоданд.
11Азбаски ӯ ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.
Мавъизаи дуюми Петрус.
12Петрус, чун дид, ба он ҷамоат рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дӯхтаед, гӯё ки мо бо кувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?
13Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед;
14Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,
15Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.
16Ба хотири имон ба исми Ӯ ин шаҳсе ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, исми Ӯ ва имоне ки дар мо аз Ӯст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро баҳшидааст.
17Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;
18Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми анбиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.
19Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад,
20Ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,
21То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.
22Чунончи, Мусо ба падарони мо гуфта буд:
„Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо
аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард;
бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед,
23Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад,
бояд аз байни қавми худ решакан шавад“.
24Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ӯ нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгӯӣ кардаанд.
25Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: „Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост“.
26Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».

Highlight

Share

Compare

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in