Аъмоли Ҳаввориён 18
18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Павлус дар Қӯринтус.
1Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қӯринтус омад.
2Дар он ҷо Акило ном марди яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, — зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, — ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад,
3Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд.
Барпо шудани калисо дар Қӯринтус.
4Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ сухан ронда, саъю кӯшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мӯътақид гардонад.
5Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст.
6Аммо азбаски онҳо мухолифат ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт: «Хунатон ба гарданатон; ман аз он мубарро ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён ҳоҳам рафт».
7Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шаҳси ҳудотарсе омад, ки хонаи вай дар шафати куништ буд.
8Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисьёре аз қӯринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд.
9Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки суҳан бигӯ ва хомӯш набош,
10Зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе нахоҳад расонд; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисьёре дорам».
11Ба ин сабаб ӯ як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим дод.
Ғолиюни бомулоҳиза.
12Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Оҳоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ӯро ба маҳкама кашида оварданд
13Ва гуфтанд: «Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд».
14Павлус ҳанӯз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Эй яҳудиён! Агар озоре ё кирдори баде ба вуқӯъ меомад, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо бишнавам;
15Вале модоме ки сухан дар бораи калимот ва номҳо ва шариати шумо меравад, худатон бояд онро яктарафа кунед: ман дар ин бобат доварӣ нахоҳам кард».
16Ва онҳоро аз маҳкама пеш кард.
17Ҳамаи юнониён сардори куништ Сӯстинисро дастгир карда, дар назди маҳкама каллакӯбак карданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард.
Павлус ба Антиёхия бармегардад ва мувофиқи шариати яҳудиён назр мекунад.
18Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд.
19Вақте ки ба Эфсӯс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронӣ кард.
20Аз ӯ хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин ӯ розӣ нашуд.
21Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт: «Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт». Ва Эфсӯсро тарк кард.
22Ба Қайсария расида, ба Ерусалим рафт ва аҳли калисоро табрик ва аҳволпурсӣ карда, ба Антиёхия равона шуд.
Сафари сеюми Павлус.
23Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро тақвият мекард.
Апӯллӯс дар Эфсӯс.
24Апӯллӯс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шаҳси суханвар ва аз Навиштаҳо хабардор буд, ба Эфсӯс расид;
25Ӯ дар тариқи Худованд тарбият ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳьё огоҳӣ дошт.
26Ӯ дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ӯро назди худ оварданд ва тариқи Худовандро ба ӯ дурустакак фаҳмонданд.
27Вақте ки ӯ азми сафари Охоия кард, бародарон ба шогирдон навиштанд, ки ӯро пазироӣ кунанд; чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илохӣ имон оварда буданд, ёрдами бисьёр дод:
28Зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рӯи Навиштаҳо исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст.
Currently Selected:
Аъмоли Ҳаввориён 18: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.