YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 17

17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Барпо шудани калисо дар Таслӯникӣ.
1Аз Амфипӯлис ва Аполония гузашта, ба Таслӯникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд.
2Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард
3Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст.
4Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин бисьёре аз юнониҳои ҳудотарс ва шумораи зиёде аз занони ашроф имон оварданд ва ба Павлус ва Сило ҳамроҳ шуданд.
Ба шӯр омадани яҳудиён дар Таслӯникӣ.
5Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба ҳонаи Ёсӯн тоҳта, ҳостанд онҳоро назди ҷамоат берун оваранд.
6Чун онҳоро наёфтанд, Ёсӯн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд,
7Ва Ёсӯн онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал мекунанд ва шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд.
8Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд,
9Ва аз Ёсӯн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд.
Павлус ва Сило дар Бирия.
10Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд.
11Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;
12Бисьёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ва ҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд.
13Лекин чун яҳудиёни Таслӯникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза намудааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шӯр оварданд.
14Дарҳол бародарон Павлусро сӯи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд.
Павлус дар Атино.
15Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гуселониданд, ва ӯ ба онҳо фармуд, ки гашта рафта, ҳар чи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ӯ равона кунанд.
16Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рӯҳаш дар дарунаш музтариб шуд.
17Бинобар ин дар куништ бо яхудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рӯз бо ҳар кӣ вомехӯрд, гуфтугӯ мекард.
18Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ӯ мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигӯяд?»; дигарҳо мегуфтанд: «Зоҳиран, ӯ худоҳои бегонаро мавъиза мекунад»; зеро ки ӯ ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод.
19Ӯро дастгир карда, ба Арьюпогус, ки кӯҳи доварон аст, оварданд ва гуфтанд: «Оё мумкин аст мо бидонем, ки ин тариқати наве ки ту мавъиза менамоӣ, чист?
20Азбаски суханонат ба гӯши мо аҷиб мерасад, бинобар ин меҳоҳем бидонем, ки онҳо чӣ маъно доранд».
21Зеро ки тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд.
Мавъизаи Павлус дар Арьюпогуси Атино.
22Он гоҳ Павлус дар миёнаҷои Арьюпогус истода, гуфт: «Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисьёр диндор ёфтаам;
23Зеро ки, чун гаштгузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, мазбаҳе дидам, ки бар он навишта шудааст: „Ба Худои ношинос“. Пас, Ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза менамоям:
24Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон сокин нест
25Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;
26Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,
27То ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯр‐кӯрона даст‐даст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест:
28Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.
29Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.
30Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;
31Зеро ки Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳьё кард».
32Вақте ки зикри эҳьёи мурдагонро шуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар ба сухани ту гӯш хоҳем дод».
33Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад.
34Вале якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арьюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон буданд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in