YouVersion Logo
Search Icon

2 ба Таслӯникиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Саломи ҳавворӣ ба имондорон.
1Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст:
2Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
Шукргузорӣ барои устувории имони таслӯникиён.
Дар бораи омадани дуюми Масеҳ.
3Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
4Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед.
5Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ уқубат мекашед.
6Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад,
7Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ
8Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.
9Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ӯ маҳрум хоҳанд шуд
10Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.
11Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салохдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад,
12То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy