YouVersion Logo
Search Icon

1 ба Таслӯникиён 5

5
БОБИ ПАНҶУМ
Имондорон бояд дар интизори рӯзи Худованд бедор бошанд.
1Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,
2Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб.
3Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.
4Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд;
5Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.
6Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.
7Зеро ки хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;
8Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем,
9Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,
10Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем.
11Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.
Насиҳат. Саломҳо.
12Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,
13Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.
14Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.
15Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ, бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.
16Ҳамеша шод бошед.
17Пайваста дуо гӯед.
18Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.
19Рӯҳро хомӯш накунед.
20Нубувватҳоро хор нашуморед.
21Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи ҳубро нигоҳ доред.
22Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.
23Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.
24Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.
25Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.
26Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед.
27Шуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас бихонед.
28Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy