4 Подшоҳон 2
2
БОБИ ДУЮМ
Ба осмон бароварда шудани Ильёс.
1Ва ҳангоме ки Худованд Ильёсро дар гирдбод ба осмон бароварданӣ шуд, Ильёс бо Элишоъ аз Ҷилҷол мерафт.
2Ва Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Байт‐Ил фиристодааст». Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Байт‐Ил фурӯд омаданд.
3Ва банӣ‐анбиёе ки дар Байт‐Ил буданд, назди Элишоъ берун омаданд, ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».
4Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Эй Элишоъ, лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Ериҳӯ фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Ериҳӯ омаданд.
5Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ буданд, ба Элишоъ наздик омада, гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».
6Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Урдун фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва ҳар дуяшон рафтанд.
7Ва панҷоҳ нафар аз банӣ‐анбиё рафта, дар рӯ ба рӯи онҳо аз дур истоданд. Ва ҳар дуяшон назди Урдун истода буданд.
8Ва Ильёс ридои худро гирифта, лӯла кард, ва обро зад, ва он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва ҳар дуяшон дар хушкӣ убур карданд.
9Ва баъд аз он ки убур карданд, Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Хоҳиш намо, ки барои ту чӣ кунам, пеш аз он ки аз ту гирифта шавам». Ва Элишоъ гуфт: «Лутфан, бигзор рӯҳи ту бар ман дучанд насиб гардад».
10Ва ӯ гуфт: «Чизи мушкиле ту хоҳиш намудӣ. Агар бубинӣ, ки чӣ гуна ман аз ту гирифта мешавам, бароят чунин хоҳад шуд, вагар на — нахоҳад шуд».
11Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд.
Рӯҳе ки бар Ильёс буд, бар Элишоъ қарор мегирад.
12Ва Элишоъ инро дида, фарьёд зад: «Эй падарам, падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!» Ва ӯро дигар надид, ва либосҳои худро гирифта, ду пора кард.
13Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, бардошт, ва баргашта, дар соҳили Урдун истод.
14Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, гирифт, ва обро зада, гуфт: «Худованд Худои Ильёс куҷост?» Ҳамин ки ӯ низ обро зад, он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва Элишоъ убур кард.
15Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ дар рӯ ба рӯяш буданд, ӯро дида, гуфтанд: «Рӯҳи Ильёс бар Элишоъ қарор гирифтааст». Ва ба истиқболи ӯ омада, ба ӯ то замин таъзим карданд.
Банӣ‐анбиё, дониш дошта бошанд ҳам, имон надоранд.
16Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».
17Валекин онҳо ба ӯ бисьёр исрор карданд, ба тавре ки ӯ безор шуда, гуфт: «Бифиристед». Ва панҷоҳ нафарро фиристоданд, ва онҳо се рӯз ҷустуҷӯ намуданд, вале ӯро наёфтанд.
18Ва назди ӯ баргаштанд, дар сурате ки ӯ дар Ериҳӯ буд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман, охир, ба шумо гуфтам, ки наравед».
19Ва аҳли шаҳр ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, мавзеи ин шаҳр хуб аст, чунон ки оғои мо мебинад; валекин обаш ганда, ва заминаш бачакуш аст».
20Ва ӯ гуфт: «Ба ман косаи наве биёред ва намак дар он биандозед». Ва ба ӯ оварданд.
21Ва ӯ назди сарчашмаи об берун рафта, намакро дар он андохт, ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Ман ин обро шифо бахшидам, ва аз он дигар мавт ва бачамурӣ рӯй нахоҳад дод“».
22Ва он об шифо ёфт, ки то имрӯз чунин аст, бар тибқи сухане ки Элишоъ гуфтааст.
23Ва аз он ҷо ӯ ба Байт‐Ил равона шуд; ва ҳангоме ки ӯ дар роҳ мерафт, бачагони хурд аз шаҳр берун омада, ӯро истеҳзокунон гуфтанд: «Эй кал, бирав! Эй кал, бирав!»
24Ва ӯ ба пушташ нигариста, онҳоро дид, ва онҳоро ба исми Худованд лаънат гуфт. Ва ду хирс аз ҷангал берун омада, аз онҳо чилу ду писарбачаро дариданд.
25Ва аз он ҷо ӯ ба кӯҳи Кармил рафт, ва аз он ҷо ба Сомария баргашт.
Currently Selected:
4 Подшоҳон 2: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.