YouVersion Logo
Search Icon

4 Подшоҳон 1

1
БОБИ ЯКУМ
Исьёни Мӯоб. Бемории подшоҳ Аҳазьё.
1Ва Мӯоб, баъд аз фавти Аҳъоб, ба муқобили Исроил исьён бардошт.
2Ва Аҳазьё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»
Ильёс ва Аҳазьё.
3Ва фариштаи Худованд ба Ильёси тишбӣ гуфт: «Бархоста, ба истиқболи қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: „Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, меравед?“
4Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“». Ва Ильёс рафт.
5Ва қосидон назди ӯ баргаштанд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро баргаштед?»
6Ва ба ӯ гуфтанд: «Шахсе ба истиқболи мо баромад, ва ба мо гуфт: „Рафта, назди подшоҳе ки шуморо фиристодааст, баргардед, ва ба вай бигӯед: Худованд чунин мегӯяд: магар дар Исроил Худо нест, ки ту барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, мефиристӣ? Бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».
7Ва ба онҳо гуфт: «Намуди он шахсе ки ба истиқболи шумо баромада, ин суханонро ба шумо гуфтааст, чӣ гуна буд?»
8Ва ба ӯ гуфтанд: «Вай марди мӯйдоре буд, ва камарбанди чармин бар камараш баста буд». Ва ӯ гуфт: «Вай Ильёси тишбӣ будааст».
9Ва мирипанҷоҳро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ назди вай омад, ва инак вай бар қуллаи кӯҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ мегӯяд: „Фурӯд ой“».
10Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
11Ва боз мирипанҷоҳи дигарро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ ба вай сухан ронда, гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бо зудӣ фурӯд ой“».
12Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
13Ва боз мирипанҷоҳи сеюмро бо панҷоҳ нафари ӯ фиристод. Ва мирипанҷоҳи сеюм равона шуда, расид ва пеши Ильёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо! Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.
14Инак, оташ аз осмон фурӯ рехта, ду мирипанҷоҳи аввалро бо панҷоҳ нафари онҳо сӯзонид; ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».
15Ва фариштаи Худованд ба Ильёс гуфт: «Бо вай фурӯд ой, аз вай натарс». Ва ӯ бархоста, бо вай назди подшоҳ фурӯд омад.
16Ва ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски қосидонро барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, фиристодаӣ, — гӯё ки дар Исроил Худо набошад, то ки каломи Ӯро бипурсӣ, — бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».
Фавти Аҳазьё.
17Ва ӯ бар тибқи каломи Худованд, ки Ильёс ба забон ронда буд, мурд, ва Йӯром дар соли дуюми Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, чунки ӯ писар надошт.
18Ва бақияи аъмоли Аҳазьё, ки кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Currently Selected:

4 Подшоҳон 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy