Румиён* 14
14
Айбдор кардани дигарон
1Дар бораи фикру ақидаҳои шахси сустимон баҳс накарда, ӯро қабул намоед. 2Масалан, бародаре бовар мекунад, ки хӯрдани ҳама чиз мумкин аст, лекин бародари сустимон танҳо сабзавот мехӯрад. 3Шахсе, ки хӯрдани ҳама чизро раво медонад, набояд шахсеро, ки парҳез мекунад, паст шуморад. Инчунин шахси парҳезкунанда набояд шахсеро, ки ҳама чизро мехӯрад, айбдор намояд, чунки Худо ӯро қабул намудааст. 4Ту кистӣ, ки хизматгори шахси дигарро айбдор мекунӣ? Хӯҷаини вай худаш ҳал мекунад, ки хизматгораш аз ӯҳдаи кораш баромад ё не. Лекин бо ёрии Худованд он хизматгор албатта аз ӯҳдаи кораш мебарояд.
5Яке фикр мекунад, ки як рӯз аз рӯзҳои дигар муҳимтар аст, лекин барои шахси дигар ҳама рӯзҳо баробаранд. Бигзор ҳар одам дар ин масъала дар фикру ақидаи худаш устувор бошад. 6Касе ки як рӯзи муайянро муҳим мешуморад, инро ба хотири Худованд мекунад. Инчунин, касе ки ҳама чизро мехӯрад, ба хотири Худованд мехӯрад, чунки Худоро барои хӯрок шукр мегӯяд. Ҳамчунин шахсе, ки чизеро намехӯрад, инро ба хотири Худованд мекунад ва Худоро шукр мекунад. 7Касе аз мо барои худ зиндагӣ намекунад ва ҳеҷ кас барои худ намемирад. 8Агар зиндагӣ кунем, ба хотири Худованд зиндагӣ мекунем ва агар бимирем, ба хотири Худованд мемирем. Барои ҳамин, хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда, мо аз они Худованд ҳастем. 9Барои он ки Масеҳ ҳукмрони мурдагону зиндагон шавад, Ӯ мурд ва зинда шуд.
10Пас, чаро ту бародари худро айбдор мекунӣ? Ё барои чӣ ту бародаратро паст мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо дар пеши тахти Худо ҷавоб хоҳем дод. 11Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Худованд чунин мегӯяд:
Ба ҳаёти Худ қасам, ки ҳамаи одамон дар пеши Ман зону мезананд
ва бо забони худ Худоро эътироф намуда, ситоиш мекунанд!»#14:11 Ишаъё 45:23
12Бино бар ин, ҳар яки мо дар пеши Худо барои худ ҷавоб хоҳем дод!
Сабаби мушкилоти дигарон нашавед
13Аз ин рӯ, биёед, якдигарро дигар айбдор накунем. Беҳтараш кӯшиш намоем чунон зиндагӣ кунем, ки сабаби дар имон пешпо хӯрда афтодани имондори дигар нашавем. 14Ман медонам ва дар ягонагӣ бо Худованд Исо боварии комил дорам, ки ягон хӯрок худ аз худ ҳаром нест. Лекин, агар шахсе ягон хӯрокро ҳаром ҳисобад, он хӯрок барояш ҳаром мешавад. 15Агар бародар ё хоҳари имондорат ба сабаби хӯроке, ки ту мехӯрӣ, хафа шавад, пас ту дигар аз рӯйи муҳаббат зиндагӣ намекунӣ. Бо хӯрокат касеро, ки барояш Масеҳ мурдааст, нобуд накун. 16Нагузоред, чизҳое, ки шумо барои худ дурусту раво меҳисобед, аз тарафи дигарон бадгӯйӣ карда шаванд. 17Зеро Подшоҳии Худо на аз хӯрдану нӯшидан, балки аз росткорӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хурсандие, ки Рӯҳулқудс медиҳад, иборат аст! 18Шахсе, ки ҳамин тавр ба Масеҳ хизмат мекунад, ҳам ба Худо писанд аст ва ҳам дигарон ӯро эҳтиром мекунанд.
19Пас, биёед, саъю кӯшиш намоем, ки дар байни мо сулҳ бошад ва якдигарро дар имон устувор гардонем.
20Ба хотири хӯрок кори Худоро вайрон накун. Хӯрдани ҳамаи хӯрокҳо равост, лекин, агар бо хӯроки хӯрдаат ту сабаби дар имон афтодани каси дигар шавӣ, кори бад мекунӣ. 21Беҳтараш аз хӯрдани гӯшт ва нӯшидани шароб ва ё ягон кори дигаре, ки сабаби дар имон пешпо хӯрдани бародару хоҳарат мешавад, даст кашӣ. 22Бигзор фикру ақидаҳои шахсии ту дар бораи ин масъала дар байни ту ва Худо бимонанд. Хушбахт аст касе, ки барои интихоби кардааш худро айбдор намекунад. 23Лекин, агар шахсе шубҳа кунад, ки хӯрдани чизе равост ё раво нест ва онро хӯрад, айбдор мешавад, чунки мувофиқи имони худ рафтор намекунад. Зеро ҳар коре, ки аз рӯйи имон карда намешавад, гуноҳ аст.
Дуои ниҳоии Павлус
24Биёед, Худоро ҳамду сано хонем! Ӯ метавонад, шуморо дар имон мустаҳкам намояд, чунон ки хушхабари эълонкардаам мегӯяд. Ин хабар дар бораи Исои Масеҳ аст, чунон ки ба мо ҳақиқате мекушояд, ки асрҳои зиёд ҳамчун сир ниҳон буд. 25Лекин ҳоло ин ҳақиқати ниҳонӣ ба воситаи навиштаҳои пайғамбарон ва ба фармони Худои абадӣ ба ҳамаи халқҳо кушода шудааст, то ки ҳама ба Худо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд. 26Тамоми шаъну шараф ба воситаи Исои Масеҳ ба ягона Худои хирад то абад бод! Омин.
Currently Selected:
Румиён* 14: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад