Bible App logo
Search Icon

Румиён* 13

13
Итоат ба ҳукумат
1Ҳар одам бояд ба ҳукумати давлатӣ итоат намояд. Зеро ҳар ҳукумат аз тарафи Худост ва он ҳукуматеро, ки ҳоло дар сари қудрат мебошад, Худо гузоштааст. 2Барои ҳамин ҳар шахсе, ки зидди ҳукумат мебарояд, бар зидди амри Худо мебарояд ва барои ин кораш маҳкум карда мешавад. 3Зеро на некукорон, балки бадкорон аз ҳокимон метарсанд. Агар хоҳӣ, ки аз ҳукумат натарсӣ, корҳои нек кун ва он туро таъриф мекунад. 4Ҳокимон хизматгорони Худоянд ва ба фоидаи ту амал мекунанд. Аммо, агар ту бадкор бошӣ, пас битарс, чунки қудрату тавоноиашон беҳуда нест ва онҳо туро ҷазо медиҳанд. Хизмати онҳо ба Худо аз он иборат аст, ки бадкоронро ба ҷавобгарӣ кашанду онҳоро ҷазо диҳанд. 5Бино бар ин, шумо бояд на танҳо ба сабаби тарси ҷазо, балки аз рӯйи виҷдон низ ба ҳукумат итоат намоед.
6Барои ҳамин ҳам шумо андоз месупоред, зеро, вақте ки ҳукумат вазифаи худро иҷро мекунад, ба Худо хизмат менамояд. 7Ҳар қарзеро, ки дар пеши ҳукумат доред, иҷро намоед: боҷу андозро ба андозгирон супоред ва инчунин ҳукуматдоронро ҳурмату иззат намоед.
Муҳаббат
8Ба ғайр аз қарзи муҳаббат аз касе чизе қарздор набошед. Зеро, ҳар кӣ каси дигарро дӯст дорад, фармонҳои шариатро аллакай иҷро кардааст. 9Зеро фармонҳои шариат ба мисли «зино накун», «қатл накун», «дуздӣ накун», «моли шахси дигарро ҳавас накун»#13:9 Хуруҷ 20:13-15, 17; Такрори Шариат 5:17-19, 21 ва монанди инҳо дар як фармон «дигаронро мисли худат дӯст бидор»#13:9 Ибодат 19:18 хулоса ва ифода шудаанд. 10Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад. Барои ҳамин муҳаббат иҷрои тамоми фармонҳои шариат аст.
Рӯзи бозгашти Масеҳ
11Илова бар ин, шумо медонед, ки ҳоло чӣ гуна замон аст ва вақти он расидааст, ки мо аз хоб бедор шавем. Зеро акнун наҷотамон нисбат ба он вақте, ки мо имон оварда будем, боз ҳам наздиктар шудааст. 12Шаб ба охир расида истодааст ва рӯз равшан мешавад. Барои ҳамин мо бояд корҳои торикиро чун либоси куҳна кашида партоем ва аслиҳаи нуронӣ пӯшем. 13Биёед, мувофиқи он чи дар равшании рӯз шоиста аст, бе айшу ишрат, бе мастигарӣ, бе расвоию бадахлоқӣ ва бе ҷанҷолу ҳасадхӯрӣ зиндагӣ кунем. 14Шумо бояд Худованд Исои Масеҳро ҳамчун либос бипӯшед ва дигар ба табиати гунаҳкоратон ва ҳавасҳои бади он тан надиҳед.

Currently Selected:

Румиён* 13: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in