Ошкорсозӣ* 5
5
Кушодани китоб
1Сипас, дар дасти рости Худо, ки бар тахт менишаст, китоберо дидам. Китоб аз пушту пеш навишта ва бо ҳафт муҳр баста шуда буд. 2Инак фариштаи тавоноеро дидам, ки бо овози баланд эълон мекунад: «Кӣ сазовор аст, ки муҳрҳои ин китобро канда, онро кушояд?» 3Аммо касе дар осмону замин ва зери замин ёфт нашуд, ки он китобро кушода ё ба дарунаш нигоҳ карда тавонад. 4Ман зор-зор гиря кардам, чунки каси сазоворе ёфт нашуд, ки китобро кушояд ё ба даруни он нигоҳ кунад. 5Он гоҳ яке аз пирон ба ман гуфт: «Гиря накун! Нигар, Шере аз қабилаи Яҳудо, яъне Исо ғолиб омад. Ӯ решаи шоҳ Довуд аст ва ҳафт муҳрро канда, китобро кушода метавонад».
Барраи кушташуда – рамзи Исои Масеҳ
6Баъд дидам, ки дар миёнаҷойи тахт ва дар иҳотаи чор махлуқу пирон Баррае, ки қурбонӣ шуда буд, зинда меистод. Барра ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо буда, ба тамоми замин фиристода шудаанд. 7Инак, Барра наздик шуда, аз дасти рости Тахтнишин, яъне Худо китобро гирифт. 8Ҳангоми гирифтани китоб чор махлуқ ва бисту чор пир худро пеши пойҳои Барра партофтанд. Ҳар кадомашон асбоби мусиқии торӣ ва косаи тиллои пур аз сӯхтаниҳои хушбӯй доштанд, ки он дуоҳои халқи Худост. 9Онҳо суруди нав сароида, мегӯянд:
«Ту лоиқи гирифтани китоб
ва кандани муҳрҳои он ҳастӣ.
Зеро Ту кушта шудӣ
ва бо нархи хуни Худ
одамонро аз ҳар қавм,
забон, халқ ва миллат
барои Худо харидӣ!
10Ту онҳоро барои Худои мо
дар Подшоҳии Ӯ
коҳин таъйин кардӣ
ва онҳо дар замин подшоҳӣ хоҳанд кард».
11Сипас, дар гирди тахту махлуқон ва пирон фариштагони зиёдеро дидам, ки шумораашон беҳисоб буд. 12Шунидам, ки онҳо бо овози баланд мегӯянд:
«Барраи кушташуда
лоиқи қудрату сарват,
ҳикмату қувват
ва бузургиву ситоишу эҳтиром аст!»
13Баъд шунидам, ки ҳар офаридаи осмону замин ва зери замину даруни баҳр чунин суруд мехонанд:
«Ба Тахтнишину Барра
ситоиш ва эҳтиром,
шаъну шараф ва қудрат то абад бод!»
14Он гоҳ чор махлуқ гуфтанд: «Омин!» Ва пирон рӯ ба замин ниҳода, саҷда карданд.
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 5: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад