Bible App logo
Search Icon

Ошкорсозӣ* 4

4
Тахти Худо
1Баъди ин чизҳо дар пешам дареро дидам, ки сӯйи осмон кушода буд. Сипас, боз ҳамон овози шунидаам ба гӯш расид, ки мисли карнай садо медод. Овоз ба ман гуфт: «Ба ин ҷо баро ва Ман ба ту нишон медиҳам, ки минбаъд чӣ рӯй медиҳад». 2Рӯҳи Худо дарҳол маро фаро гирифт ва дидам, ки дар осмон тахте гузошта шудааст ва бар он Худо нишастааст. 3Ӯ монанди санги яшму ақиқ медурахшид ва гирдогирди тахташ рангинкамоне мисли санги зумуррад дурахшон буд. 4Дар гирди тахташ бисту чор тахти дигар меистод ва бисту чор пири сафедпӯш бар онҳо менишастанд, ки ҳар яке бар сараш тоҷи тилло дошт. 5Аз тахти Худо раъду барқ ғулғула мезад. Дар назди тахт ҳафт чароғи оташ месӯхт, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд. 6Рӯ ба рӯйи тахт чизе ба мисли баҳре буд, ки ба санги софу шаффоф монандӣ дошт ва мисли шиша ҳамвор буд.
Дар миёнаҷову гирдогирди тахти Худо чор махлуқи зинда буданд, ки аз пешу қафо чашмони зиёд доштанд. 7Махлуқи якум мисли шер ва дуюм мисли барзагов буд. Махлуқи сеюм рӯйи одамӣ дошт ва чорум мисли уқоби парвозкунанда буд. 8Ҳар махлуқ шаш бол дошт ва аз даруну берун пур аз чашм буд. Онҳо шабу рӯз беист такрор мекунанд:
«Пок, Пок, Пок аст Худованд Худои Тавоно,
Ҳамоне, ки буд, ҳаст ва меояд!»
9Ҳангоме ки махлуқон ба Тахтнишин, яъне ба Худое, ки то абад зинда аст, ҳамду сано хонда, изҳори сипосу эҳтиром мекунанд, 10бисту чор пир ба Худои Тахтнишин, ки то абад зинда аст, саҷда мекунанд ва тоҷҳои худро пеши тахти Худо гузошта, мегӯянд:
11«Эй Худованду Худои мо!
Ту лоиқи бузургӣ, иззат ва қудратмандӣ ҳастӣ,
чунки ҳама чизро офаридӣ,
бо хости Ту онҳо вуҷуд доранд ва офарида шуданд».

Currently Selected:

Ошкорсозӣ* 4: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in