Ошкорсозӣ* 19
19
Суруди ғалаба дар осмон
1Пас аз ин чизҳо садои баландеро ба мисли овози мардуми хеле сершумор шунидам, ки дар осмон мегуфт:
«Худоро ситоиш кунед!
Наҷот ва бузургиву нерӯмандӣ аз Худои мост!
2Зеро Ӯ бо адлу инсоф ҳукм мекунад.
Ӯ фоҳишаи бузургро ҷазо дод,
чунки вай заминро бо гуноҳи ҷинсии худ вайрон гардонд.
Ҳам барои хуни ғуломонаш аз вай қасос гирифт».
3Онҳо бори дуюм гуфтанд:
«Худовандро ситоиш кунед!
Дуди фоҳишаи бузург, яъне шаҳри Бобил то абад боло хоҳад шуд».
4Баъд бисту чор пир ва чор махлуқи зинда рӯ ба замин ниҳода, Худоро, ки бар тахт менишаст, парастиш карда, гуфтанд: «Омин! Худовандро ситоиш кунед!»
5Сипас, аз сӯйи тахт овоз баромад:
«Ҳама хизматгорон ва тарсгорони Ӯ, хурду калон,
Худои моро ситоиш кунед!»
Тӯйи Барра, яъне Исои Масеҳ
6Сипас, ба мисли овози мардуми зиёд ё садои шаршараи азим ё гулдурроси раъди пурзӯр овозе шунидам:
«Худовандро ситоиш кунед!
Худои Тавонои мо подшоҳӣ мекунад.
7Биёед шодиву хурсандӣ кунем
ва бузургии Ӯро эътироф намоем.
Вақти тӯйи Барра расидааст
ва арӯси Ӯ худро омода кардааст.
8Арӯс бо иҷозат аз катони маҳин либоси тозаи дурахшон пӯшидааст. (Катони маҳин рамзи росткориҳои имондорон аст)».
9Баъд фаришта ба ман гуфт: «Навис: Хушо онҳое, ки ба тӯйи Барра даъват шудаанд». Боз гуфт: «Ин суханони рости Худост». 10Ин лаҳза ман ба назди пойҳои фаришта афтодам, то ки ба вай саҷда кунам, аммо вай гуфт: «Ин корро накун! Ман ҳам ба мисли туву бародарону хоҳаронат, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳед, хизматгор ҳастам. Танҳо ба Худо саҷда намо! Зеро пайғамбарони ҳақиқӣ танҳо дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд».
Савори аспи сафед
11Сипас, осмонро кушода, ва дар он аспи сафедеро дидам. Савори он Вафодор ва Ҳақ ном дошт. Ӯ росткорона ҳукм мекарду меҷангид. 12Чашмонаш чун алангаи оташ буданд ва дар сараш тоҷҳои бисёр дошт. Ҳамчунин номи навиштае дошт, ки онро ғайр аз Худаш касе намедонист. 13Дар бар либоси хунолуд дошт ва номи Ӯ «Каломи Худо» аст. 14Лашкарҳои осмонӣ аз пайи Ӯ мерафтанд, ки дар тан аз катони маҳин либоси тозаи сафед доштанд ва бар аспҳои сафед савор буданд. 15Аз даҳонаш шамшери тезе мебаромад, ки бо он халқҳоро зада тавонист ва бо асои оҳанин онҳоро ҳукмронӣ мекард. Ҳамчунин майи ғазаби Худои Тавоноро тайёр мекард. 16Инак бар либосу рони Ӯ чунин ном навишта шуда буд: «Шоҳи шоҳон ва Сарвари сарварон».
17Сипас, фариштаеро дидам, ки дар болои офтоб меистод. Вай бо овози баланд фарёд зада ба ҳамаи парандагоне, ки дар байни осмон парвоз мекарданд, гуфт:
«Биёед! Ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед.
18Ҷисми шоҳон, сарлашкарон, одамони пурзӯр, аспон ва саворони онҳоро хӯред.
Ҷисми ҳамаи одамон, озоду ғулом ва хурду калонро хӯред».
19Сипас, ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони заминро бо лашкарҳояшон дидам. Онҳо ҷамъ омада буданд, ки бо Савори аспу лашкараш ҷанг кунанд. 20Инак, ҳайвон ва пайғамбари дурӯғин дастгир шуданд – ҳамон пайғамбаре, ки пешопеши ҳайвон роҳ гашта, аломатҳо нишон медод ва бо ин восита одамонро гумроҳ мекард, яъне онҳоеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда буданду ба ҳайкалаш саҷда мекарданд. Ҳар ду зинда ба зинда ба кӯли оташу сулфур партофта шуданд. 21Боқимондагон бо шамшере, ки аз даҳони Савори асп мебаромад, кушта шуданд ва ҳамаи парандагон ҷасадҳои онҳоро хӯрда, сер шуданд.
Currently Selected:
Ошкорсозӣ* 19: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад